Ба гузориши Ожонси байналмилалии энерҷии атомӣ, ки рӯзи чаҳоршанбе мунташир шуд, мизони захоири ураниум ғанишудаи Эрон бо хулуси 60 дарсад, аз замони гузориши қаблии ожонси атомӣ чанд баробар шуда ва ба мизони лозим барои сохти ҳадди ақал як бомби атомӣ наздик шудааст.
Бар асоси гузориши фаслии Ожонси байналмилалии энергии атомӣ, ҳаҷми захоири ораниум бо ғилзат 60 дарсадии Эрон ба андозае афзоиш ёфтааст, ки ин мизон дар сурати ғанисозии бештар, барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ кофӣ аст.
Дар ҳақиқат ғанисозии 60 дарсадии як зина пеш аз ғанисозии 90 дарсадӣ аст, ки барои сохти бомби атом лозим аст. Коршиносони мустақил таъйид кардаанд, ки мизони ураниум 60 дарсад ғанишудаи Эрон дар ҳоли ҳозир ба андозае аст, ки метавонад сӯхти лозим барои ҳадди ақал як бомби атомиро фароҳам кунад.
Гузориши ҷадиди ожонс, ки дар рӯзи чаҳоршанбе 7 сентябр барои шӯрои ҳуккоми ожонс омода шудааст меафзояд, ки Эрон захоири ураниуми 60 дарсадии худро дар муқоиса бо се моҳ қабл дар поёни моҳи май, аз мизони 12.5 килограмм ба 55.6 килограмм афзоиш додааст.
Матни мунташиршудаи ин гузориш, ҳамчунин ишора карда, ки захоири ураниум бо ғилзати поинтар низ 19 баробар бештар аз мизони маҷозӣ аст, ки дар тавофуқи ҳастаии соли 2015 таъйин шудааст.
Дар гузориши ожонс омадааст “ҳаҷми захоири ураниум бо ғилзати поини Эрон то таърихи 21 августи соли ҷорӣ дар ҳудуди се ҳазору 621.3 килограмм буда, ки нисбат ба моҳи май, 365.5 килограмм афзоиш нишон медиҳад.
Гузориши фаслии Ожонс байналмилалии энервии атомӣ ҳамчунин тасреҳ карда, ки Эрон ҳамчунон посухи қонеъкунанда ва мӯътабаре дар хусуси маншаҳои ураниуми кашфшуда дар се сайти эъломнашудаи худ ироа накардааст ва нигаронии мудири кулли ин ожонс аз адами ҳамкории Эрон дар мавзӯъоти кафолатҳо ва норавшан будани маншаи ораниум дар ин сайтҳо “ба таври нигаронкунандае” дар ҳоли афзоиш аст.
Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ яке аз пеш шартҳои эҳёи Барҷомро баста шудани парвандаи кафолатҳо эълом карда ва мегӯянд шарти эҳёи Барҷом, таваққуфи таҳқиқоти ожанси байналмилалӣ дар мавриди осори ураниуми ёфтшуда дар ин се сайт эълом нашудааст.
Карина Жан-Пайрре, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи ҷумъа 2 сентябр гуфта буд, ки Ҷумҳурии Исломӣ набояд эҳёи Барҷомро ба таҳқиқоти ин ожонс дар хусуси манъи паҳншавии таслиҳоти ҳастаӣ машрут кунад балки бояд дар бораи маншаҳои ураниуми пайдошуда дар се сайти эъломнашудаи худ ба ожонс посух диҳад.
Муҳаммад Исломӣ, раиси Созмони энерҷии атомии Эрон рӯзи чаҳоршанбе гуфта буд агар Ожонси байналмилалии энерҷии атомӣ парвандаи саволҳо аз Эронро набандад, Барҷом иҷроӣ нахоҳад шуд.
Рафаэл Гросси мудири кулли Ожонси байналмилалии энерҷии атомӣ пеш аз ин бо баёни ин ки Эрон дар шаффофсозии маншаи ураниум дар сайтҳои эъломнашуда бо ожонс ҳамкорӣ намекунад, бо ишора ба мизони ғанисозии 60 дарсадӣ гуфта буд “кишваре, ки аҳдофи низомӣ надорад, иқдом ба ғанисозии 60 дарсадӣ намекунад.”