Рубрики Хабарҳо

Даъвати Шерали Кабир аз сармоягузорони турк

Вазири саноъат ва фановариҳои навини Тоҷикистон зимни ибрози омодагӣ барои фароҳамсозии шароит ба сармоягузории Туркия таъкид кардааст, ки фурсатҳо барои сармоягузорони турк фароҳам аст. 

Шералӣ Кабир, вазири санъат ва фановариҳои навини Тоҷикистон дар бораи равобити Туркия ва Тоҷикистон ва фурсатҳои сармоягузории ҷашнвораи ҳавонавардӣ ва фанноварии “Технофаст”, ки дар ин кишвар баргузор шуд, ба хабарнигории Анатолу мусоҳиба додааст. 

Вай бо ишора ба таҳаввулоти ҷиддӣ дар равобити дуҷониба ба вижа тайи солҳои ахир, гуфтааст: нақшаи роҳи ҷадиде байни ду кишвар тарҳрезӣ кардаем ва бар асоси он мехоҳем аз таҷрибаҳои Туркия дар бисёре аз заминаҳо алалхусус дар ҳавзаи иқтисодӣ баҳраманд шавем. 

Шералӣ Кабир дар идома таъкид кардааст: ҳадафи мо афзоиши содироти маҳсулот ба Туркия аст. Аз сармоягузорони турк даъват мекунем ба кишварамон биёянд. Бо вазорати санъат ва фановарии Туркия протоколи ҳамкорӣ имзо шуд ва ройзаниҳои лозимро бо Мустафо Варонк дар бораи бартарафсозии камбудҳо анҷом додем. 

Вай ҳамчунин гуфтааст: мо хостори сармоягузории дуҷониба ҳастем, ин сармояигузориҳо боиси беҳбуди равобити Туркия ва Тоҷикистон мешавад.

Даъвати Шералӣ Кабир дар ҳолест, ки сармоягузорони хориҷӣ, ба ҷуз чиниҳо, бинобар набудани кафолатҳо ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон худдорӣ мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *