Рубрики Хабарҳо

Мурофиъаи ҲНИТ дар Додгоҳи олии Русия паси дарҳои баста баргузор мешавад

Додгоҳи олии Русия фардо дархости Додситонии кулли Русияро дар бораи террористӣ эътироф намудани ҲНИТ баррасӣ хоҳад кард.

Тибқи иттилоъи Агентии иттилооти ҳуқуқӣ ва додгоҳии Русия бо истинод ба хадамоти матбуотии Додгоҳи олӣ, мурофиа паси дарҳои баста баргузор мегардад.

Бештари коршиносон ба ин назаранд, ки додгоҳ дархости Додситонии кулли Русиро иҷро хоҳад кард. Аммо барзе мегӯянд имкон дорад баргузории мурофиъа ба таъхир андохта шавад.

Авохири моҳи  додситони кулли Русия Игор Краснов дар вохӯрӣ бо ҳамтои тоҷикистонияш Юсуф Раҳмон ва  раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода буд, ки ниҳоди зертобеъаш аз Додгоҳи олии Русия хостааст то ҲНИТ-ро террористӣ шиносад. 

Мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон он замон гуфтанд, ки агар ҳатто Додгоҳи олии Русия ин дархости додситониро қабул кард, таъсире чандоне ба ин ҳизб нахоҳад расонд, чун ҲНИТ дар Русия ва дигар кишварҳои узви ИДМ ва ШОС фаъолият надорад. 

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи мухолифини тоҷик дар хориҷ гуфта буд бе террористӣ шинохтани ҲНИТ ҳам Русия чандин узви собиқи онро ба Тоҷикистон супурдааст.

Ӯ тасмими Русия дар бораи террористӣ шинохтани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иштибоҳе номид, ки ба афзоиши дидгоҳҳои зиддирусиягӣ мерасонад.

Раиси ҲНИТ як рӯз пас аз иттилоъи Краснов, 27 июл дар як паёми твиттерӣ “Русия ба ҳайси кафили ҷараёни сулҳ бо террористӣ эътироф кардани ҲНИТ — яке аз ҷонибҳои Созишномаи сулҳ, иштибоҳ мекунад. Ин кор ба радикалӣ шудани нерӯҳои мӯътадил, , афзоиши эҳсосоти зиддирусиягӣ ва заъиф шудани боварӣ ба гуфтугӯву механизми сулҳомези ҳали мушкилот дар Тоҷикистон хоҳал расонд”.

Фардои он рӯз ӯ бо нашри твитти дигаре Эронро ба амал накарданаш ба ӯҳдадориҳои худ ба ҳайси кафили Сулҳи тоҷикон . 

Дар паёми твиттерии худ, раиси ҲНИТ дубора тасмими Русияро мабнӣ ба террористӣ эълон кардани ҲНИТ интиқод кард ва навишт “Русия ҳамчун кафили сулҳи тоҷикон, бо фишори Эмомалӣ Раҳмон эълон кард, ки ҲНИТ — яке аз ҷонибҳои сулҳро ба зудӣ шомили созмонҳои террористӣ мекунад”.

Дар идомаи ҳамин твит Кабирӣ тасреҳ кардааст “Эрон, кафили дигар ва мизбони чандин даври музокирот, дар баробари хиёнатҳои Раҳмон ба сулҳ, ҳеч гоҳ вокуниши расмӣ накард”.

Рӯзи 11 август раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо навиштани ба раҳбари Созмони милали муттаҳид Антониу Гуттериш аз ин созмон хост ба тасмими додситонии Русия мабнӣ бар террористӣ эътироф кардани ҲНИТ дахолат кунад ва аз паёмадҳои вахими он пешгирӣ намояд. Зеро иҷрои шудани ин тасмим “метавонад оқибатҳои фоҷиабори инсонӣ ва амниятӣ барои даҳҳо ҳазор аъзо ва ҷонибдорони мухолифини тоҷик на танҳо дар Русия, балки дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ дошта бошад”.

Дертар Муҳиддин бо номаи саркушода ба раисҷумҳури Русия муроҷиъат кард.

Дар нома Кабирӣ аз Путин даъват кард ба террористӣ хонда шинохта шудани ҲНИТ дар Русия иҷоза надиҳад ва “ҳизби мухолифи тоҷикеро, ки умдатан бетараф ва ҳатто дӯст аст” душман эълон накунад.

Ӯ ин тасмимро аҷулона номида, гуфт “дар сурати қабул гардидани ин қарор, даҳҳо ва садҳо ҳазор тарафдорон ва собиқ аъзоёни ҳизб ва шаҳрвандони оддии Тоҷикистон бори дигар қурбонии таъқибҳо ва фишорҳои сиёсиву равонӣ дар Тоҷикистон ва Русия мегарданд”.    

Раҳбари мухолифини тоҷик сиёсатеро, ки вақтҳои охир Русия дар Тоҷикистон пеш гирифтааст маҳкум ба шикаст номида навишт “солҳои охир шарикони русиягии Раҳмон барои розӣ кардани ӯ қадам ба қадам дастовардҳои сиёсиеро, ки Русия дар сад соли охир бо дипломатия, қувваи нарм ва фарҳанг ба онҳо ноил шуда буд, аз даст доданд”.  

Дар нома зикр шудааст, ки “сиёсати дастгирии саркӯбҳои саросарӣ, ки Раҳмон нисбати мардуми ВМКБ анҷом медиҳад, аллакай ҳазорҳо бадахшониро дар ин минтақаи аз нигоҳи таърихиву суннатӣ ҷонибдори Русия, рӯйгардон ва ноумед кард. Он чи шумо дар Тоҷикистон анҷом медиҳед, шикасти сиёсист, Владимир Владимирович”. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *