Рубрики Хабарҳо

Имзои тавофуқномаи сеҷонибаи Русия, Озарбойҷон ва Эрон дар ҳамлунақл

Мақомоти Русия, Озарбойҷон ва Эрон дар Боку нишасте дар мавриди истифодаи беҳтар ва тавсеъаи зарфияти долони ҳамлунақли байналмиллалии шимолу ҷануб баргузор карданд. 

Дар ин нишаст санади ҳамкории сеҷонибаи Русия, Озарбойҷон ва Эрон дар хусуси тавсеаи долони ҳамлунақли шимол-ҷануб ба имзо расид. 

Алексей Новак, муовини нахуствазири Русия, Шоҳин Мустафоев, муовини нахуствазири Озарбойҷон ва Рустам Қосимӣ, вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон ин тавофуқро имзо карданд. 

Тарафҳо дар заминаи густариши талошҳои муштарак барои тавсеъаи долони ҳамлунақли шимолу ҷануб тавофуқ карданд. 

Тарафҳои қарордод дар хусуси ҳамкорӣ дар арзёбӣ ва таҳлили зерсохтҳо ва фурсатҳои ҳамлунақл барои баҳрабардории комил аз зарфияти ин долон ва ҳамчунин тазмини ҳамлунақл аз тариқи долони мазкур ба мизони 30 миллион тонн дар сол то соли 2030 тавофуқ карданд. 

Ҳамчунин бар аҳамияти такмили сохт ва роҳандозии хатти роҳи оҳани Рашт — Остро то як моҳи оянда таъкид шуд. 

Долони байналмилалии ҳамлунақли шимол-ҷануб дар 12 сентябри соли 2000 бар асоси тавофуқномае байни Русия, Эрон ва Ҳинд эҷод шуд. 

Дар солҳои баъдӣ 10 кишвари дигар аз ҷумла Озарбойҷон ва Туркия дар ин тарҳ мушорикат карданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *