Раисҷумҳури Эрон эълом кард узвияти кишвараш дар Созмони ҳамкории Шанхай дар 22-юмин иҷлоси ин созмон дар Узбекистон қатъӣ мешавад. Созмони Шанхай бо сардории Чин ва Русия ташкил шуда ва шаш кишвари дигар аз аъзои доими он ҳастанд.
Иброҳим Раисӣ, раиси давлати сездаҳум рӯзи чаҳоршанбе 14 сентябр барои ширкат дар иҷлоси кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай озими Узбекистон шуд.
Созмони ҳамкории Шанхай соли 2001 бо ширкати Чин, Русия ва чаҳор ҷумҳурии иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии собиқ (Қазоқистон, Ќирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон) таъсис шуд.
Ин Созмон то кунун шаш кишвар ба унвони узви нозир дошта, ки аз миёни онҳо Ҳинд ва Покистон соли 2016 ба узвияти комили он даромаданд.
Ҷумҳурии Исломӣ яке дигар аз аъзои нозири ин Созмон аст, ки соли пеш узвияти доимиаш таъйид шуд аммо асноди он ҳанӯз ниҳоӣ нашуда ва ба имзо нарасидааст.
Ба гузориши хабаргузории давлатии ИРНО, Раисӣ пеш аз сафар ба Самарқанд дар ҷамъи хабарнигорон гуфт асноди узвияти доимии Ҷумҳурии Исломӣ бояд баррасӣ мешуд, ки ин кор анҷом шуда ва яке аз иқдомҳои муҳими ин сафар таъйиди ин аснод ва имзои онҳо тавассути вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Шанхай аст.
Созмони ҳамкории Шанхай яке аз ҳадафҳои муҳими худро “барқарории мувозинат дар баробари нуфузи Амрико ва паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) дар минтақа” унвон мекунад.
Таҳримҳои байналмилалӣ монеъи узвияти Эрон
Мутобиқи шавоҳид, Ҷумҳурии Исломӣ умед дорад аз тариқи узвият дар ин Созмон битавонад бо таҳримҳои Ғарб муқобила кунад аммо дар воқеият ҳамин таҳримҳо аз монеъаҳои узвияташ будааст.
Ҷавод Мансурӣ, дипломати пешини Ҷумҳурии Исломӣ ва сафири вақти Эрон дар Чин замоне гуфта буд дархости узвият дар Созмони ҳамкории Шанхайро шахсан дар соли 2007 таҳвил додааст.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса яке аз иллатҳои аслии адами мувофиқат бо узвияти Эрон дар ин Созмон дар якуним даҳаи гузашта ин буда, ки бисёре аз аъзоъ бо пайвастани кишваре, ки таҳти таҳримҳои байналмилалӣ аст ба он мухолиф ҳастанд.
Гуфта мешавад пеш аз имзои тавофуқи ҳастаӣ Чин, Русия ва Тоҷикистон аз кишварҳое будаанд, ки бо узвияти Ҷумҳурии Исломӣ дар Созмони ҳамкории Шанхай мухолифат кардаанд.
Акнун низ дар ҳоле, ки зоҳиран қарор аст асноди узвияти доими Эрон дар Созмони Шанхай дар нишастҳои рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа дар Самарқанд баррасӣ ва имзо шавад, умед ба муваффақияти музокироти эҳёи Барҷом дубора коҳиш ёфтааст.
Амрико ва се кишвари аврупоии тарафи тавофуқ мегӯянд бо дархостҳои фаробарҷомии Ҷумҳурии Исломӣ эҳтимол даст ёфтан ба тавофуқи эҳёии Барҷом дар ояндаи наздик бисёр кам шудааст.
Бархе таҳлилгарон мӯътақиданд Ҷумҳурии Исломӣ умедвор аст аз тариқи узвият дар Созмони ҳамкории Шанхай битавонад аз пуштибонии кишварҳои узв дар баробари «натои араби”, ки замзамаи ташкили он барои муқобила бо таҳдидҳои Эрон матраҳ аст, бархурдор бошад.
Чунин интизорӣ ба воқеъият дар тазод аст, зеро кишварҳое монанд Чин бо кишварҳои арабӣ равобити наздикӣ доранд, ки дар солҳои ахири густариш низ ёфтааст.
Афзун бар ин кишварҳои узви Созмони Шанхай бо вуҷуди манофеъ ва дағдағаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амнияти муштарак, ихтилофҳои амиқе доранд, ки муносиботи пурмуноқишаи Ҳинд ва Покистон ва таниш миёни Ҳинд ва Чин аз намунаҳои онҳост.