Раисумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз барои ширкат дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба Самарқанд парвоз кард.
Тибқи иттилоъи хадамоти матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёвари раисҷумҳур оид ба равобити хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт ва дигар нафарони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Шоми дирӯз раисони ҷумҳури Эрон Ибироҳим Раисӣ ва Чин Си Тзинпин вориди Самарқанд шуда буданд. Мулоқоти Шавкат Мирзиёев ва Иброҳим Раисӣ ҳам баргузор шуда, ки дар он 18 санад ба имзо расидааст. Аз ҷумла раҳбарони ду кишвар тасмим гирифтаанд гардиши мол байни ду кишварро ба 1 миллиард доллар расонанд.
Сафари Раисӣ ба Узбекистон аввалин сафари раисҷумҳури Эрон ба Узбекистон дар 20 соли гузашта гуфта мешавад.
Қарор аст имрӯз раҳбарони кишварҳои узви доим, нозирон ва меҳмонон, ки раисҷумҳури Туркия аз ҷумлаи онҳост вориди Самарқанд шаванд. Дар ҳамин ҳол, Никол Пашинян, раисҷумҳури Арманистон ки ба ин нишаст ба ҳайси меҳмон даъват шуда буд, эълом карда, ки бинобар вазъияти баамаломада дар кишвараш аз ширкат дар нишасти СҲШ худдорӣ мекунад.
Ду рӯзи охир нерӯҳои Арманистону Озарбойҷон дубора вориди низоъи мусаллаҳ шудаанд. Пашинян дар ин муддат ду маротиба аз Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), ки ғайри Арманистон 5 кишвари собиқ шӯравии узви СҲШ ва Белорус шомили он ҳастанд, кӯмак хост. Аммо СПАД дархости раисҷумҳури Арманистонро бепосух гузоштааст.
Ҳамчунин дирӯз байни нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон, ду кишвари узви СҲШ ва СПАД задухӯрди мусаллоҳона ба вуқӯъ пайваст, ки аз ҷониби Тоҷикистон 2 нафар кушта ва 11 нафар захмӣ ба ҷой гузошт. Раисҷумҳури ҳарду кишвар имрӯз дар нишаст ҳузур хоҳанд ёфт.
Раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев низ аз меҳмонони нишасти СҲШ аст.