Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) расман дархости кӯмак аз ҷониби Арманистонро рад кард. Арманистон, ки яке аз узвҳои ин созмон аст, аз он дархост, кард ба Қаробоғи кӯҳӣ, ки Озарбойҷон ба баргардонидани қаламрави аздастрафтааш машғул аст, нерӯ ворид созад.
Дар ин бора расонаҳои русӣ бо истинод ба сардори ситоди муштараки СПАД Анатолий Сидоров хабар додаанд.
“Биёед ба пеш натозем. 13 сентябр раҳбарони кишварҳои мо якдилона изҳор доштанд, ки мушкили мавҷуда байни Арманистону Озарбойҷон бояд бо роҳҳои сиёсӣ-дипломатӣ ҳал карда шавад. Яъне дар бораи истифода аз нерӯ, гузашта аз он бо ҷалби СПАД на 13 сентябр, на дирӯз, на имрӯз ва фикр мекунам на дар ояндаи наздик сухан намеравад” — генерали рус.
Қаблан Ереван маҷбур шуд бо Боку созиш намояд, то аз шиддат гирифтани ниҳоъ пешгирӣ шавад ва ба гуфтаи Сидоров, “ҳамин кофист”. Дар ҳамин ҳол, созишномаҳои қаблӣ дар бораи оташбас иҷро нашуданд.
“Мо умедворем, ки дар оянда ҷараён ҳамин гуна, бо роҳи осоишта ва бидуни истифода аз силоҳ идома хоҳад кард” — илова кард ӯ.
Муноқишаи мусаллаҳона байни Арманистону Озарбойҷон 13 сентябр оғоз шуд, ки дар ҷараёни он Озарбойҷон қисмате аз заминҳои ишғолшудаашро баргардонд. Дар ин задухӯрд ҳудуди 50 нафар аз ҷониби Озарбойҷон ва беш аз 100 нафар аз ҷониби Арманистон кушта шуданд.
Никол Пашинян, сарвазири Арманистон, ки қарор буд дар нишасти СҲШ ширкат кунад, баъди гирифтани посухи рад аз СПАД, аз ширкат дар ин нишаст худдорӣ намуд.
Ҳамчунин дирӯз байни ду узви дигари СПАД — Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ сурат гирифт, ки ҳади ақал ду кушта ва 11 захмӣ аз ҷониби Тоҷикистон боқӣ гузошт. Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар нишасти СҲШ ҳузур дорад камтарин ишорае ба ин ҳамлаи нерӯҳои марзбонии ҳамсоякишвар накардааст.