Тамҷиди Путин аз мавқеъи “мутаъодил”-и Чин дар қиболи ҷанги Укроин
Раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо ҳамтои чинии худ дар ҳошияи нишасти Созмони ҳамкори Шанхай дар Самарқанд, аз “мавқеъи мутаъодил”-и Пекин дар қиболи ҷанги Укроин қадрдонӣ кард ва ҳамзамон гуфт, ки нигарониҳои Пекин дар ин хусусро дарк мекунад.
Владимир Путин раисҷумҳури Русия, дар ҳошияи иҷлоси Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд ва дар нахустин дидори худ бо Си Ҷинпин пас аз оғози ҷанг дар Укроин, аз ҳимоятҳои Чин тамҷид кард.
Ба гузориши расонаҳои хабарии Русия, Путин дар оғози ин дидор хотирнишон кард, ки Маскав, пурсишҳо ва нигарониҳои Чинро дар хусуси ҷанги Укроин дарк мекунад ва омодааст то мавозеъи Русияро дар ҷараёни музокирот ба тафсил тавзеҳ диҳад.
Ба навиштаи ин манобеъ, раисҷумҳури Чин низ дар ин дидор гуфта, ки ду кишвар дар канори якдигар қасд доранд ҳофизи “субот ва энержии мусбат дар дунёи пурошӯб” бошанд
Дар ҳоле, ки Чин аз тавҷеҳоти Русия дар қиболи ҷанги Укроин ҳимоят мекунад, аммо аз “ҳама тарафҳои даргир” хоста, ки ба даргириҳо поён диҳанд.
Чин ҳамзамон аз нақзи таҳримҳои байналмилалӣ дар қиболи Русия иҷтиноб мекунад то худаш ҳадафи иқдомоти танбеҳӣ ва таҳримӣ қарор нагирад. Гузоришҳо ҳокӣ аз онанд, ки равобити иқтисодии Чин ва Русия ва ҳаҷми тиҷорати ду кишвар ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфтааст. Владимир Путин дар ҷараёни муноқишаи Тайван бо маҳкум кардани “иқдомоти таҳрикомез” Иёлоти муттаҳида ва муттаҳидонаш, ҳимояти худро аз Чин дар ҳаққи ҳокимияти ин кишвар бар қаламравии сарзамине эълом кард.
Ҳашт кишвари узви Созмони ҳамкории Шанхай ба раҳбарии Чин ва Русия қасд доранд барои он чи “назми ҷаҳонӣ таҳти султаи Ғарб” мехонанд ҷойгузине эҷод кунанд. Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли 2001 дар ибтидо бо ҳадафи мубориза бо терроризм поягузорӣ шуда буд, илова бар Русия, Чин, Ҳинд ва Покистон, акнун шомили Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон низ мешавад ва Эрон низ, ки пеш аз ин узви нозири ин Созмон будааст, пас аз солҳо интизори имсол бо ҳимояти Русия ба ҷамъи аъзои доимии ин паймон пайваст.
Музокироти перомуни пазириши Беларус низ, ки инак монанди Муғулистон, узви нозири ин Созмон аст дар ҷараён аст. Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Шри-Ланка ва Туркия ба унвони шарикони ин Созмон маҳсуб мешаванд.
Эрон умедвор аст, аз тариқи узвият дар ин паймони минтақаӣ таҳримҳои Амрико ва Ғарбро бишиканад ва мақомоти ҳукумати Эрон борҳо гуфтаанд, ки узвияти Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар хнсисози таҳримҳо муассир аст.