Рубрики Хабарҳо

Боз як сарбози тоҷик дар марз кушта шуд

Бар асари тирпарроние, ки субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, дар чанд мавзеи марзии Тоҷикистону Қирғизистон, оғоз гардид, як сарбози тоҷик кушта ва чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора «Азия Плюс» хабар медиҳад.

Сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара бо тасдиқи ин хабар ба хабаргузорӣ гуфтаанд, миёни аҳолии осоишта низ ҷароҳатбардоштагон ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои қирғизиӣ бо такя ба Вазорати тандурустии ин кишвар хабар медиҳанд, ки дар пайи тирпаронии имрӯза 11 низомии қирғиз ҷароҳат бардоштанд.

Расонаҳои Қирғизистон бо такя ба КДАМ ин кишвар аз баргузории эҳтимолии гуфтушунидҳо байни раисони вилоятҳои Ботканту Суғд хабар медиҳанд.

Ҳамзамон, як манбаъ аз ВКХ ба “Asia-Plus” гуфтааст, ки чанде пештар вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ҳамтои қирғизаш Жээнбек Кулубаев дар сӯҳбати телефонӣ вазъ дар марзро баррасӣ карданд.

Дар хусуси муҳтавои ин суҳбат ҳоло тафсилоти бештар дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “24kg” менависад, ки ҷониби Қирғизистон бори дигар зарурати ҳалли мушкилоти марзӣ бо роҳи сиёсӣ-дипломатиро таъкид намудааст.

Пас аз суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар, Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар робита ба даргирии имрӯза дар сарҳади ду кишвар ба ҷониби Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супоридааст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, якбора дар чанд минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии нав рух дод.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *