11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Вазорати корҳои хориҷӣ пас аз 4 рӯзи ҷанг аз хоб бедор шуд

Пас аз чаҳор рӯзи шурӯъи даргирӣ дар марз бо Қирғизистон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон билохира аз хоб бедор шуд ва бо нашри як изҳорот кишвари ҳамсояро ба «таҷовузи мусаллаҳона» ба хоки Тоҷикистон муттаҳам кард. 

Вазорати корҳои хориҷ аз марги 28 нафар дар марз хабар дода кушта шудани панҷ узви як оила бо шумули 2 кӯдаки панҷ ва шашсолаву як зани ҳомила дар Чоркӯҳ, ки дар натиҷаи гулӯлазании ниҳомиёни қирғиз ба мошини «Ёрии таъҷилӣ» иттифоқ афтодааст ва ҳамчунин тиру гулӯлаандозӣ ба хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурию зербиноиро хилофи меъёру қонунҳои байнулмилалӣ номид.

Иддаои кушта шудани 28 нафар аз ҷониби ВКХ дар ҳолест, ки манобеъи гуногун аз кушта шудани 40 то 60 нафар хабар медиҳанд ва шумори танҳо онҳое, ки хабари маргашон дар шабакаҳо нашр шудааст, аз шумори эълонкардаи ин вазорат бештар аст. 

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, ки аз нахустин рӯзи шурӯъи ҷанг бо тамоми расонаҳои ҷаҳон дар тамос аст, соате пас аз изҳороти ВКХ Тоҷикистон дар як изҳороти вокунишӣ ҳодисаҳои 14-17-уми сентябрро «амали таҷовузкоронаи қаблан тарҳрезишудаи Тоҷикистон» номид. 

Мақомоти Қирғизистон шумори кушташудагони ин кишварро 59 нафар ва шумори захмиёнробеш аз 140 нафар эълон кардааст, аммо шоҳидони ҷанг дар марз мегӯянд на камтар аз 200 низомии қирғиз дар задухӯрдҳо ҷон бохтаанд. .

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷузъиёти низоъ дар марз низ гузориш додааст:

— 14 сентябр  дар натиҷаи амалҳои душманона, аз ҷумла тирборон кардани мавқеи посгоҳи «Кех»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бо истифода аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон 2 нафар хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон ҳалок гардиданд;

— 16 сентябр низомиёни қирғиз ба хонаи шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави деҳаи Боғдории ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара даромада, соҳиби хона — зани калонсолро бо бераҳмии махсус куштанд;

— 16 сентябр бар асари тирпаронии низомиёни қирғиз дар ҷамоати Чоркӯҳ 5 аъзои як хонавода, аз ҷумла духтарчаи 6-сола, писарчаи 5-сола ва зани дар моҳи 8-уми ҳомиладорӣ қарордошта ҳалок шуданд;

— 16 сентябр дар натиҷаи тирпаронӣ аз миномёт аз ҷониби Қирғизистон ба маҳаллаи аҳолинишини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 2 зани калонсоли шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд;

— 16 сентябр дар натиҷаи зарбаи ҳавопаймои бесарнишин (БПЛА)-и Қирғизистон ба бинои мактаби №8 дар ҷамоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон — аҳолии осоишта ҳалок шуданд;

— 16 сентябр бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишин (БПЛА)-и Қирғизистон ба масҷид дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 12 шаҳрванди осоиштаи Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Дар ҳамин ҳол, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳалокати беш аз 60 нафар сокини Тоҷикистон дар муноқишаи марзӣ хабар дода, пешниҳод кард, ки ба хотири гиромидошти хотираи қурбониёни низои охири марзӣ, 20-уми сентябр дар ҷумҳурӣ рӯзи мотами миллӣ эълон карда шавад.

Чунин пешниҳодро қабл аз вакили парлумон нависандаи шинохтаи тоҷик Абдуқодири Рустам ироа кард ва садҳо нафар онро дастгирӣ карданд. Аммо аз мақомот ҳанӯз вокунише дида нашудааст. 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *