Дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), ки дар ҳошияи иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Ню-Йорк баргузор шуд, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳамтоёни худ дар бораи таҷовузи низомии Қирғизистон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон маълумоти муфассал додааст. Дар ин бора ВКХ Тоҷикистон .
Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ин амали кишвари Қирғизистонро ҳамчун нақзи дағалонаи меъёрҳои ҳукуқи байналмилалӣ маҳкум намудааст.
Зимни мулоқоти ғайрирасмӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД гуфтааст, “таҷовузи низомии Қирғизистон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон нақзи дағалонаи меъёрҳои ҳукуқи байналмилалист ва онро маҳкум мекунем”.
Гуфтанист, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барои иштирок дар иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ ба Ню-Йорк сафар кардааст. Интизор меравад, ки Сироҷиддин Муҳриддин мавқеъ ва диди Тоҷикистонро оид ба мавзӯъҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аз минбари СММ ироа кунад.