Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо пахши эъломияе ҳамватанони муқими ин кишварро ҳушдор дод, ки “аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд”.
“Мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст” — омадааст дар эъломия.
Сафорат аз шаҳрвандон даъват кардааст “барои гирифтани маълумоти бештар шаҳрвандони кишварамон метавонанд ба Сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа муроҷиат намоянд”.
Ду рӯз қабл сафорати Қирғизистон аз шаҳрвандонаш хоста буд аз ширкат дар ҷанги кишварҳои дигар худдорӣ кунанд.
Сафорати Узбекситон ҷанд моҳ қабл, вақте хабари таъсиси як баталйони узбекӣ расонаӣ шуд, ин ҳушдорро дода буд.