Рубрики Хабарҳо

Кореяи шимолӣ: ҳаргиз ба Русия силоҳ нафирстодаем. “Амрико даҳонашро бандад”

Кореяи шимолӣ судури таслиҳот ба Русия дар паи ҷанги Укроинро рад кард. Кореяи шимолӣ гузоришҳои иттилоотии Амрико мабнӣ бар интиқоли таслиҳот ба Русия дар тӯли ҷанги Укроинро ба шиддат мавриди интиқод қарор дод ва эълом кард, ки ҳеҷ барномае барои ин кор надошта ва надорад ва ин иддаоҳоро талоше барои хадшадор кардани обрӯи ин кишвар унвон кард. 

Дар як гузориши расонаи давлатӣ дар рӯзи панҷшанбе 22 сентябр , як мақоми дифоъии Кореяи шимолӣ, ки номаш фош нашуда, ба Иёлоти муттаҳида гӯшзад кард, ки аз “изҳороти бепоя” худдорӣ кунад ва “даҳони худро бубандад”. 

Муовини сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико авоили моҳи ҷорӣ муддаӣ шуда буд, ки Русия барои пешбурди ҷанг дар Укроин барномаеро барои хариди миллионҳо ракет ва муҳиммоти тӯпхона аз Кореяи шимолӣ дар дастури кор дорад. 

Пештар низ мавзӯъи истифода аз паҳподҳои эронӣ тавассути артиши Русия дар ҷанги Укроин хабарсоз шуда буд. Ҳар чанд Теҳрон то кунун ба таври расмӣ фурӯши ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба Русияро таъйид накардааст вале Укроин ба тозагӣ иддаои сарнагун кардани чанде аз ин паҳподҳоро матраҳ карда буд. “Волл стрит журнал” ҳам дар гузорише  муддаӣ шуда буд Русия бо истифода аз паҳподҳои эронӣ зарботи сахте ба Укроин ворид кардааст. 

Баёнияи Кореяи шимолӣ чанд ҳафта пас аз он мунташир шуд, ки Маскав ёфтаҳои иттилооти Амрикоро “ҷаълӣ” унвон кард. Содироти таслиҳоти Кореяи шимолӣ ба Русия нақзкунандаи қатъномаҳои Созмони милал аст ва ин кишварро аз воридот ё содироти силоҳ манъ мекунад. 

Як мақоми Кореяи шимолӣ таъкид кард, ки Пхенян таҳримҳои “ғайри қонунӣ”-и Шӯрои амнияти Созмони милал алайҳи ин кишварро, ки тавассути Амрико ва нерӯҳои даст нишонда он сохта шудааст ҳаргиз ба расмият нашнохтааст. 

Бар асоси баёнияи мунташиршуда тавассути хабаргузории марказии расмии Кореяи шимолӣ, содироту воридоти таҷҳизоти низомӣ “ҳаққи қонунии мухтаси як кишвари мустақил” аст. 

Ин мақом, ки аз ӯ ба унвони муовини мудири кулли вазорати дифоъи миллии Кореяи шимолӣ муаррифӣ шуда, гуфт: “аммо мо аз ин фурсат истифода мекунем то як чизро равшан кунем. Мо қаблан ҳаргиз силоҳ ё муҳиммот ба Русия содир накардаем ва барномае низ барои содироти онҳо нахоҳем дошт.” 

Ӯ дар идома афзуд: “маълум нест, ки ин тӯҳмат, ки Иёлоти муттаҳида дар ҳоли интишори он аст аз куҷо сарчашма гирифтааст, аммо яқинан ҳадафи он хадшадор кардани обрӯи Кореяи шимолӣ аст”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *