Дмитрий Булгаков, муовини вазири дифоъи Русия дар умури лоҷистикӣ барканор шуд. Мақомоти Русия сабаби барканории ӯро «гузаштан ба кори дигар» гуфтаанд, аммо коршиносон нокомиҳои паёпайи Русияро, ки заъфи лоҷистикӣ яке аз онҳост, сабаб медонанд.
Бар асоси баёнияи вазорати дифоъи Русия Михаил Мизинтсев, раиси маркази контроли дифоъи миллии вазорати дифоъи ин кишвар ба ҷойи Булгаков мансуб шудааст.
Генерал Мизинтсев раҳбарии ҳамла ва ҷанг дар Мариуполро ба ӯҳда дошт ва бинобар бераҳмие, ки онҷо нишон дод, лақаби “қассоби Мариупол”-ро гирифт. Мариупол пас аз наздики чаҳор моҳ ҷанги пурқурбонӣ, ки ба гуфтаи мақомоти Укроин аз 5 то 10 ҳазор низомиёни Русия ва ҳудуди 40 000 мардуми осоишта кушта шуданд ишғол шуд. Шаҳр комилан ба харобазор табдил шудааст.