Рубрики Хабарҳо

БАТР сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистонро пешбинӣ кард

Таҳлилгарони Бонки аврупоии таҷдиду рушд 1 дар сад сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистонро интизорӣ доранд. Дар соли 2021 бошад афзоиши воқеии иқтисоди ҷумҳурӣ дар сатҳи 3 дар сад пешгӯйӣ мешавад.

Дар гузориши интишоршудаи Бонки аврупоии таҷдиду рушд қайд мешавад, ки  “ба иқтисод асосан вайрон шудани робитаҳои нақлиётӣ бо шарикони калидии савдо ва дастрасии маҳдуд ба бозори меҳнати Русия таъсир расонид” .

Гуфта мешавад, нимсолаи аввал интиқоли маблағ бо ҳисоби солона аз Русия тақрибан 15 дар сад кам шуд, ки ба истеъмол, ҳаҷми воридот ва пардохти андоз таъсири манфӣ гузошт.

 Дар гузориш омадааст, “Сарфи назар аз фишори беруна, дар зарфи 6 моҳи соли равон сатҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон бо ҳисоби солона 3,5%-ро ташкил дод”.

Коршиносони Бонки аврупоии таҷдиду рушд таъкид месозанд, ки афзоиш дар ин сатҳ аз ҳисоби нишондиҳандаҳои баланд дар саноат (афзоиши содироти тилло) ва бахши кишоварзӣ таъмин гардид.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки содироти тилло ба Швейтсария бо ҳисоби солона ва бо доллар 140 дар сад афзуд.

“Ба истиснои фулузоти қиматбаҳо, содирот ба ҳисоби солона 22 дар сад коҳиш ёфт: Боркашонӣ, тиҷорати меҳмонхонаҳо, савдои чакана ва хизматрасониҳо ба аҳолӣ низ ба рушди иқтисод таъсири манфӣ расониданд”.

Ёдрас мекунем, ки соли 2019 сатҳи афзоиши воқеии иқтисоди Тоҷикистон 7,5 дар садро ташкил дода буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *