Рубрики Хабарҳо

Патенти муҳоҷирон дар Русия 3 сола мешавад

Вазорати умури дохилии Русия бо пешниҳоди Борис Титов, бизнес-омбудсмени ин кишвар, барои афзоиш мӯҳлати эътибори патенти корӣ барои муҳоҷирон мувофиқат кардааст. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба маркази матбуотии ваколатдор хабар медиҳад. 

 «Ин дар номае ба намояндаи бизнес-омбудсмен ба имзои муовин вазир Андрей Храпов баён шудааст. Ба гуфта Храпов, вазорати умури дохила омодааст муддати судури патентро аз 10 ба 5 рӯз коҳиш диҳад ва ҳамзамон мӯҳлати эътибори онро ба шарти иҷрои тамоми талаботи назорати муҳоҷират, афзоиш диҳад”, — гуфтааст намояндаи Титов. 

Қаблан Титов пешниҳодеро барои ислоҳ қонуни федералӣ «Дар бораи вазъияти ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия» № 115-ФЗ аз 25 июли 2002 ба давлат ирсол кард, ки тибқи он мӯҳлати эътибори патенти корӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ аз 12 то 36 моҳ афзоиш меёбад. 

“Ҳарчанд мӯҳлати қонунии баррасии ариза барои гирифтани патент аз 10 рӯз бештар нест, муҳоҷирон маҷбуранд 20 рӯзи дигарро барои ҷамъоварӣ ва мураттабсозии ҳуҷҷатҳои зарурӣ сарф мекунанд. Дар натиҷа коргарони хориҷӣ ҳар сол як моҳ аз фаъолияти иқтисодӣ берун монда, соҳибкорон аз ғайрифаъол булани онҳо зарар мебинанд ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ ба буҷа камтар ворид мешавад. То се сол дароз кардани мӯҳлати амали патент имкон медиҳад, ки дар шароити норасоии қувваи корӣ ин фурсатро беҳуда аз даст надиҳем”, — изҳор доштааст Титов.

Бизнес-ваколатдор ҳамчунин механизми баргардонидани коргарони хориҷиеро, ки вурудашон ба Русия ба муҳлати аз 3 то 5 сол манъ пешниҳод намудааст.

“Мамнӯъияти вуруд барои боррасонҳо (курйерҳо), ки қоидаҳои ҳаракати роҳро чанд маротиба риоя накардаанд, инчунин афроде, ки қонуншиканиҳои ночизи маъмурӣ содир кардаанд, ҷорӣ мешавад. Ин ҷо дар навбати аввал бахши соҳибкории хурд, ки ба кормандони махсус ниёз дорад, зарар мебинад. Бояд ба корфармоёни қонунмеҳвар ҳуқуқ дода шавад, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи иҷозаи вуруд ба кормандони собиқи худ ариза пешниҳод кунанд ”, гуфта мешавад дар пешниҳоди ваколатдори бахши соҳибкорӣ.

Хадамоти федералии амният ва Вазорати молия ба пешниҳодоти Борис Титов эътироз баён накардаанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ низ ба имтиёзҳо розӣ аст, агар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тартиби ҷалби мутамаркази захираҳои корӣ барои ширкатҳои мушаххаси Русия ва иҷрои аксари аснод дар қаламрави кишварҳои шарикро такмил диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати меҳнат, ба иттилои дастгоҳи ваколатдор, ин пешниҳодро маъқул нашуморида, гуфтааст, ки таъхир то 30 рӯз бо айби худи коргарони хориҷӣ ва корфармоёни онҳо ба амал меояд, ки меъёрҳои қонунгузории муҳоҷиратро шарҳ намедиҳанд.

Имкони пешниҳоди дархости корфармоён барои кушодани вуруд ба кормандони собиқи худ бошад, танҳо ба афзоиши шумори қонуншиканиҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ боис мегардад.

Вазорати корҳои дохилӣ низ ба имкони муроҷиати корфармоён барои кушодани вуруд ба кормандони собиқи худ эҳтиёткорона муносибат мекунад.

“Муовини вазир изҳори нигаронӣ кард, ки ин «хатари пайдоиши шахсони ҳуқуқии «якрӯза»-ро дорад, ки махсус барои кушодани вуруд ба Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ таъсис дода шудаанд, аз ҷумла бидуни нияти кори минбаъда ҳам дар ин корфармо ва ҳам умуман дар Русия”, — изҳор доштаанд дар хадамоти матбуоти Титов.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *