Одамрабоии сиёсӣ ё интиқоли ғайриқонунии мухолифини тоҷик аз хориҷ ба Тоҷикистон яке аз роҳҳои ҷинояткоронаи ҳукумати Э. Раҳмон ҷиҳати хомуш кардани мухолифини муқими кишварҳои хориҷ аст.
Одамрабоии сиёсӣ интиқоли мунтақиди ҳукумат бидуни ризояти ӯ аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон бо истифода аз зуру таҳдид ва фиреб буда, ин амал аз тарафи мақомоти тоҷик, бахусус мақомоти амниятӣ ва дипломатӣ нисбати даҳҳо мухолиф ва мунтақиди ҳукумат сурат гирифтааст ва сипас афроди дуздидашуда ба солҳои тулонӣ равонаи зиндон шуданд.
Одамрабоии сиёсӣ як ҷинояти тамомаёр буда, омилони ин амалҳои ғайриқонунӣ бояд дар назди қонун ошкор ва ба ҷазо кашида шаванд. Вале мутаассифона чунин одамрубоӣ аз тарафи мақомоти қудратии кишвар сурат гирифта ва мегирад, ки эҳтимол дорад алайҳи омилони ин амалҳо дар судҳои байналмилалӣ дар оянда парвандаҳои ҷиноятӣ боз шавад.
Аксари мавориди дуздии мухолифини тоҷик тавассути мақомоти Тоҷикистон аз Русия ва кишварҳои собиқ Шуравӣ ба Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Маҳмадрӯзӣ Искандаров, собиқ раиси ҲДТ
Маҳмадрӯзӣ Искандаров, собиқ раиси ҲДТ ва аз фармондеҳони пешини мухолифи ҳукумат моҳи апрели 2005 дар Маскав нопадид шуда, чанд рӯз баъд, Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, бидуни додани маълумот аз интиқолаш ба Тоҷикистон гуфт, ки ӯ дар Тоҷикистон боздошт аст ва сипас ба 23 зиндон маҳкум шуд.
Ҷаноби Искандаров моҳи декабри соли 2004 бо дархости додситони кулли Тоҷикистон дар Маскави Русия боздошт шуд, вале баъди 4 моҳ яъне дар моҳи апрел мақомоти додситонии Русия бо далели инки Искандаров дархости паноҳандагӣ талаб кардааст, ӯро озод карданд.
14-уми апрели 2005, яъне 10 рӯз баъд аз озодияш, наздикони ӯ гуфтанд, ки Искандаров нопадид шудааст. Бархе манобеъ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Искандаров дар таърихи якшанбеи 17-уми апрел аз Маскав ба Душанбе шудааст.
Маҳмадрӯзӣ Искандаров соли 1999 ба ҳайси раиси ҲДТ интихоб шуд. Ӯ бар асоси саҳмияи 30 дарсадии мухолифин, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гашта буд. Вақте равобити ҳукумати Раҳмон бо ӯ тира шуд, ки ӯ ҳамапурсӣ ба ислоҳоти Қонуни Асосӣ дар тобистони соли 2003-ро таҳрим кард. Ҳамапурсие ки Э. Раҳмонро иҷоза дод, ки ҳаққи номзадиашро барои мақоми президентии Тоҷикистон барои ду дафъаи дигар тамдид кунад.
Мақсуд Иброҳимов, собиқ раҳбари Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон
Мақсуд Иброҳимов, собиқ раҳбари созмони “Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон, ки дар Русия байни муҳоҷирони тоҷик фаъолият мекард, соли 2015 аз Русия ба Тоҷикистон ба таври мармуз ва зуран оварда шуд, ки сипас дар Тоҷикистон ба 17 сол зиндон маҳкум гардид.
Аммо моҳи июни 2020 Гурӯҳи кории Шӯрои ҳуқуқии башари СММ ба боздоштҳои худсарона дуздии ӯ аз Русия ба Тоҷикистонро ғайриқонунӣ шуморида, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки ӯ бидуни ягон қайду шарте озод кунад ва барои ҷуброн бипардозад. Чунин дархост тавассути ин ниҳоди СММ нисбати беш аз 15 мухолифи тоҷик сурат гирифтааст.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ҳукумати Тоҷикистон созмони сабтиномнашудаи ӯ “Ҷавонон барои Эҳёи Тоҷикистон”-ро ҳамроҳ бо “Гурӯҳи 24” ҳамчун созмони мамнуъ ва эктрамистӣ эълон карда буд.
26-уми ноябри соли 2014 ҷаноби Иброҳимов дар Маскав мавриди ҳамлаи мусаллаҳонаи афроди ношинос қарор гирифт ва шадидан захмӣ шуда буд. Ҳарчанд ӯ шаҳрвандии Русияро дошт, вале баъди инки аз бемористон баромад, ӯ моҳи январи 2015 тавассути мақомоти Русия боздошт шуда, зуран ба Тоҷикистон интиқол шуд.
Авфи Байналмилал (AI) дар гузориши солонаи худ барои соли 2015/2016 навиштааст: “Бар асоси гуфтаи наздиконаш, рӯзи 20-уми январи 2015 панҷ нафар, ки худро ҳамчун мақомоти муҳоҷиратии Русия муаррифӣ карданд, ӯро аз хонааш гирифта, ба ҷои номаълум бурданд. Рӯзи 30-юми январ, , ки Мақсуд Иброҳимов дар Душанбе бо иттиҳоми “терроризм” дар боздоштгоҳ қарор дорад.”
Шарофиддин Гадоев, раҳбари ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”
Шарофиддин Гадоев, раҳбари ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, ки яке аз чаҳор созмони узви Паймони Миллии Тоҷикистон аст, моҳи феврали соли 2019 дар Маскави Русия боздошт шуда, ба таври мармуз ба Тоҷикистон интиқол шуд. Мақомоти Тоҷикистон дар пайи фишорҳои созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои аврупоӣ ва ҳамчунин ба сабаби фишорҳои мухолифини тоҷик ӯро баъди чанд рӯз боздошт карданд.
Шарофиддин Гадоев бо талаби ИНТЕРПОЛ дар соли 2014 дар Испания ва сипас дар соли 2015 дар Полша боздошт шуда буд, вале ин ду кишвари аврупоӣ аз истирдоди ӯ ба Тоҷикитсон худдорӣ карданд.
Шарофиддин Гадоев ба марҳум Умаралӣ Қувватов, муассиси “Гурӯҳи 24”, робитаи хешутаборӣ дошта, ӯ яке аз афроди наздик ба ӯ дар замони фаъолияти У. Қувватов буд.
Ҷаноби Гадоев, ки аз кишвари Голандия паноҳандагии сиёсӣ гирифтааст, моҳи феврали 2019 ба Маскави Русия сафар кард, вале ба таври мармуз аз тарафи мақомоти амниятии Русия боздошт шуда, ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон зуран фиристода шуд. Ӯ мегӯяд, ки дар замони боздошташ дар Душанбе қарор гирифтааст.
Аммо Тоҷикистон таҳти фишори созмонҳову кишварҳои хориҷӣ, бахусус аврупоӣ, маҷбур шуд, ки ӯро озод ва ба Аврупо бифиристад.
Ҳукумати Тоҷикистон рабудани ӯ аз Маскав ба Душанберо дар рӯзҳои аввал як пирӯзӣ медонист, вале ба таври ғайримунтазира таҳти фишорҳои байналмилалӣ қарор гирифт ва маҷбур шуд, ки ӯро озод кунад.
Наим Самеев (маъруф ба Домулло Наимҷон), собиқ раҳбари ҲНИТ дар Суғд
Наим Самеев, маъруф ба Домулло Наимҷон, собиқ раҳбари шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд, ахири моҳи ноябри 2018 дар шаҳри Грозни, пойтахти Чеченистон боздошт шуда, баъди 5 рӯз ба таври мармуз аз Маскав ба Душанбе интиқол ёфт ва сипас ба 15 сол зиндон маҳкум шуд.
Додгоҳи ӯ дар зодгоҳаш, шаҳри Исфара рӯзи 9-уми апрели 2019 баргузор шуд. Яке аз наздикони ҷаноби Самеев ба сомонаи “Ахбор” навҳаи баргузории муҳокимаро чунин шарҳ дод: “»Ягон нафар аз аҳли хонаводаи моро ба додгоҳ роҳ надоданд… Аадвокати падарам Моҳрухсор Яҳёева, ягона нафаре, ки ба намояндагӣ аз вай дар мурофиа иштирок дошт, берун омад ва ба мо хабар дод, ки ӯро бар асоси ҳар се айбнома (моддаҳои 187, 195 ва 307 ки марбут ба терроризм ҳастанд) гунаҳкор шинохтанд ва маҳкум карданд.”
Ин иттиҳомот нисбати ӯ беасос ва сохта шудаанд ва ӯ мисли садҳо фарзонаи дигари миллат бо чунин иттиҳомоти сохта барои 15 сол равонаи зиндон шуд.
ҲНИТ, ки ҷаноби Самеев яке аз аъзои аршади он буд, бо интишори баёнияе .
Наимҷон Самеев рӯзи 30.11.2018 дар шаҳри Грозний, пойтахти Чеченистон, аз тарафи мақомоти Русия боздошт шуд ва ӯ рӯзи 04.12.2019 бо ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” аз Маскав ба Душанбе ба таври машкук интиқол дода шуд.