Рубрики Хабарҳо

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Ба нафъи воридот

Дар ҳоле, ки ҳамаи кишварҳои ҷаҳон аз рукуди тиҷорати хориҷӣ бонги хатар мезананд, мақомоти Тоҷикистон аз болоравии он сӯҳбат мекунанд. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ он ҳашт дарсад рушд кардааст.

Тибқи омори пешниҳодкардаи Хадамоти гумрук, савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-апрел як миллиарду 23 миллион долларро ташкил додааст. ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳашт дарсад бештар мебошад.

Аммо болоравии нишондиҳандаҳои савдои хориҷӣ бештар ба воридот вобастагӣ дорад — он 15 дарсад рушд карда ба $820 расидааст. Содирот бошад бо поёнравии 13 дарсадӣ ҳамагӣ $204 млн.-ро ташкил додааст. 

Уфти содирот ба яке аз асоситарин пуркунандаи буҷаи солҳои охир — сангҳои қиматбаҳо ҳам дахл дорад. Содироти сангҳои гаронбаҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 99,5% кам шудааст. 

Тибқи иттилоъи Агентии омор агар дар январ-марти соли 2019 ҳаҷми содироти сангҳои гаронбаҳо ва нимагаронбаҳо $42,9 млн.ро ташкил дода бошад, дар ҳамин давраи соли ҷорӣ он ҳамагӣ ба $199 ҳазор расидааст. 

Дар ҳамин ҳол воридоти сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулот аз онҳо низ соли ҷорӣ уфти чашмгире доштааст — он  $769 ҳазорро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давари соли қабл 58,4% камтар аст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *