Рубрики Хабарҳо

“Дар сурати рафъи якбораи маҳдудиятҳо мавҷи дуввуми шуйӯъи коруно ҳатмист”

Муассисаи Роберт Кохи Олмон ҳушдор дода, ки поёне барои пандемияи коруно дар ояндаи наздик тасаввуршаванда нест. Ба гуфтаи ин муассисаи илмии пажӯҳишӣ, дар сурати рафъи якбораи маҳдудиятҳо омори мубталиён метавонад дубора афзоиш ёбад. 

Ин ҳафта теъдоди бештаре аз мағозаҳо ва касбу корҳо дар Олмон коршонро аз сар гирифтанд. Ба гуфтаи муассисаи Роберт Кох аммо ин ба маънои бозгашт ба зиндагии оддӣ ва рӯзмара нест. 

Алорағми камтар шудани муқаррарот ва саҳлтар шудани сахтгириҳо, ин муассиса таъкид мекунад, ки вазъият ҳамчунон ҷиддӣ аст ва “вирус ҳанӯз нарафта аст”. 

Муовини мудири муассисаи Роберт Кох, ки рӯзи сешанбе 21 апрел дар Берлин сухан мегуфт, гуфтааст: “Поёне барои пандемия дар чашмандоз нест. Теъдоди мубталиён метавонад дубора афзоиш пайдо кунад.” 

Ба гуфтаи Лорс Шода, бо ин ки дар Олмон дар мубориза бо пандемияи коруно натоиҷи хубе ба даст омада, аммо вазъият ҳамчунон ҷиддӣ аст. Ў гуфтааст: “Рақами мубталиён бояд дар сатҳе боқӣ бимонад, ки системи дармонӣ битавонад аз ӯҳдаи он барояд.” 

Бар ин асос беҳтарин ҳолати мумкин ин аст, ки шумори мубталиён ҳамчунон поин ва то ҳадди мумкин дар як сатҳ бимонад, чаро ки агар ин сатҳ ногаҳон рӯ ба боло биравад, системи дармонӣ хеле сареъ нотавон шуда ва короиашро аз даст медиҳад ва дар натиҷа дигар наметавон ба беҳтарин ваҷҳ аз беморон парасторӣ кард. 

Ба гуфтаи ҷонишини раиси муассисаи Кох, паёмадҳои манфии чунин раванде дигар танҳо маҳдуд ба пизишкон ва беморони COVID -19 нахоҳад буд, балки дар миқёси бузург ҳамаи Олмонро мутаъассир хоҳад кард дар натиҷа ҳама талошҳо дар ҳоли ҳозир бар ин мутамаркиз аст, ки ҷилави вуқӯъи чунин сенариёе гирифта шавад. 

Лорс Шода ба ҳамин далел аз мардум хоста то тавсияҳоро ҷиддӣ гирифта ва думбол кунанд, то ҳадди мумкин дар хона бимонанд, фосилаи якуним метриро ҳифз кунанд, дастҳояшонро мураттаб бишуянд, мавқеъи атса ва сурфа бо оринҷ ҷилави даҳонашонро бигиранд ва дар амокини умумӣ ва мағозаҳо аз моск истифода кунанд. 

Оқои Шода дар айни ҳол таъкид мекунад, ки задани моск ба танҳоӣ ба маънои эминӣ дар баробари вирус нест, ба хусус барои касоне, ки ноқили вирус ҳастанд. Муовини муассисаи Роберт Кох тавзеҳ медиҳад, ки моск порчае бар рӯйи даҳон ва бинӣ беш аз ҳар чиз аз ин ҷилавгирӣ мекунад, ки фарди олуда, вирусро ба дигарон мунтақил кунад. 

Ба гуфтаи Лорс Шода, сайри сууди рӯзонаи теъдоди мубталиён нисбат ба ҳафтаи қабл камтар шудааст, бо ин ҳол дар рӯзҳои гузашта ҳамчунон мубталиёни ҷадид сабт шудаанд. 

Дарсади маргу мир дар асари ибтило ба COVID -19 аммо бештар шуда ва ба 2,3 дарсад расидааст. Ин рақам дар ҳафтаҳои гузашта ҳудуди 2 дарсад буд. Рақами нархи интиқоли R низ дар рӯзи душанбе ба 0,9 (нӯҳ даҳум) расидааст, ин бадон маъност, ки ҳар фарди олуда ба вируси коруно метавонад ба таври мутавассит танҳо як нафари дигарро олуда кунад. 

Албатта нархи интиқол низ монанди рақами мубталиён дар манотиқи мухталиф мутафовит аст. Ин нарх дар рӯзҳои қабл каме поинтар аз 0,9 буд, аммо ин рақам ҳам ба гуфтаи муассисаи Кох рақами дақиқе нест. Ба гуфтаи ин муассисаи илмии таҳқиқотӣ ҳам омори мубталиён ва ҳам нархи интиқол бояд чӣ дар сатҳи кишварӣ ва чӣ дар сатҳи иёлотҳо дар як ҳадди эмин ва мутмаин боқӣ бимонанд, аммо муовини ин муассиса таъкид карда, ки контроли нархи интиқол кори соддае нест. 

Ӯ мегӯяд бардоштани муқаррарот метавонад аз ҷумла ба боло рафтани ин нарх бианҷомад. Дар ин сурат бозгаштан ба рақами кунунӣ 0,9 дигар осон нахоҳад буд ва мумкин аст ҳафтаҳо тӯл бикашад то натоиҷи он ошкор шавад. 

Хатари мавҷи дувум дар сурати бардоштани муқаррарот 

Лорс Шода мегӯяд рафъи сареъи мамнуъиятҳо ё бахши бузурге аз маҳдудияти тамос метавонад хатари асосии бурузи мавҷи дувуми коруноро дар пай дошта бошад. Ба гуфтаи ӯ ҳарчи мардум бо рафторҳои пурхатар имкони интиқоли ин вирус аз инсон ба инсонро афзоиш диҳанд, эҳтимоли шуйӯъи муҷаддади эпидемия бештар мешавад. Дар ин сурат нархи интиқол мумкин аст ба ду ё се бирасад, яъне ҳар фарди олуда битавонад ду ё се нафари дигарро низ олуда кунад. 

Муовини муассисаи Роберт Кох идома додааст: “Агар мо алъон тавре рафтор кунем, ки гӯё мушкил бартараф шудааст, як мавҷи дигари шуйӯъӣ хоҳем дошт. Ин тақрибан қатъӣ аст.” 

Ӯ таъкид карда, ки ҳама бояд саҳмашонро барои поин нигаҳ доштани сатҳи мубталиён адо кунанд. Шода дар айни ҳол тасреҳ карда, ки медонад риояти ҳама муқаррарот чи қадар сахт аст ва ба хусус барои бархе аз мардум сахттар. Бо ин ҳол ӯ гуфта “ҳич имкони дигаре вуҷуд надорад”. 

То кунун барои дармони бемории COVID -19 ҳеҷ дору ё воксине кашф нашудааст. 

Охирин омори мубталиён ба COVID -19 дар Олмон беш аз 147 ҳазор нафар ва рақами фавтшудагон 4862 нафар аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *