Рубрики Хабарҳо

Гузориши Зеленский аз озодии комили шаҳри Лиман ва эътирофи НАТО ва тавони артиши Укроин

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин рӯзи якшанбе 2 октябр гуфт, ки шаҳри калидии Лиман дар шарқи Укроин “ба таври комил” аз вуҷуди нерӯҳои русӣ поксозӣ шудааст. 

Зеленский дар як клипи видеоии кӯтоҳ дар канали телеграмии худ гуфт: “аз соати 12:30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ, Лиман ба таври комил дар ихтиёри нерӯҳои укроинӣ қарор гирифтааст.” 

Изҳороти раисҷумҳури Укроин як рӯз пас аз он сурат мегирад, ки Маскав эълом кард нерӯҳояш тасмим ба ақибнишинӣ аз пойгоҳи чандмоҳаи худ дар шимоли минтақаи Донетск гирифтаанд. 

Шомгоҳи панҷшанбе, манобеъи расмӣ ва ғайри расмии Укроин аз муҳосираи “дасти кам 5 ҳазор сарбози рус” дар ин шаҳр хабар дода буданд. Як рӯз баъд, яке аз фармондеҳони нерӯҳои ҷудоииталаби Русия эътироф кард, ки сарбозони таҳти амраш берамақ ҳастанд ва тавоноии дифоъ аз мавозеъи худро надоранд. 

Ин нахустин зиддиҳамла муваффақи артиши Укроин дар Донетск ва як рӯз пас аз илҳоқи расмии чаҳор минтақаи ишғолии Укроин ба Русия ба шумор меравад. 

Сергей Гайдай, фармондори Лугански Укроин, гуфт, ки бозпасгирии Лиман дар минтақаи муҷовири Донетск яке аз омилҳои калидӣ барои бозпасгирии сарзаминҳои аздастрафтаи Укроин дар Луганск аст. 

Устонҳои Луганск ва Донетск шомили минтақаи Донбасси шарқи Укроин мешаванд, ҷое, ки моҳҳост даргириҳои шадид байни нерӯҳои Русия ва Укроин дар он ҷараён дорад. 

Маскав ин ду минтақаро ба ҳамроҳи ду устони дигари Херсон ва Запороже баъд аз “ҳамапурсии илҳоқ”, ки Киев ва Ғарб онро сохтагӣ хонданд, замимаи хоки Русия кард. 

Дар ҳамин ҳол вазорати дифоъи Русия рӯзи якшанбе иддао кард, ки нерӯҳои ин кишвар 7 анбори мушакро дар манотиқи Харков, Запороже, Микулов ва Донетски Укроин мунҳадим кардаанд. 

Мақомоти вазорати дифоъи Русия ҳамчунин гуфтаанд нерӯҳои ин кишвар як радари ҳидояти сомонаи мушакии падофанди ҳавоии С-300-и Укроинро низ дар наздикии Новоколуги дар минтақаи Херсон дар ҷануби Укроин нобуд кардаанд. 

Артиши Укроин аз миёнаи баҳори гузашта аз мавқеъи дифоъӣ хориҷ шуда ва мавзеъи таҳоҷумӣ дар ҷабҳаҳои ишғолии шарқ гирифтааст. 

Муваффақиятҳои ин кишвар дар майдони набард дар ҳоле идома дорад, ки Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо бо ради илҳоқи сарзаминҳои ишғолӣ ба Русия, кумакҳои низомӣ ба Киевро беш аз пеш афзоиш додаанд ва ҳозир ба ақибнишинӣ дар баробари Маскав ба далели буҳрони энергӣ нестанд. 

НАТО: укроиниҳо тавонои ақиб задани артиши Русияро доранд 

Дабири кулли НАТО дар вокуниш ба озодсозии шаҳри Лимон тавассути укроиниҳо, онро нишони пешравии артиши ин кишвар хонд ва гуфт, ки артиши Укроин метавонад артиши Русияро ақиб биронад. 

Йенс Столтенберг дар мусоҳиба бо шабакаи NBC гуфт: “дидем, ки онҳо тавонистаанд шаҳри ҷадиде ба номи Лимонро ба контроли худ дароваранд ва ин нишон медиҳад, ки укроиниҳо дар ҳоли пешрафт ҳастанд, ба далели шуҷоат, ба далели шаҳомат, ба далели маҳоратҳо, ва албатта ба далели таслиҳоти пешрафтае, ки Амрико ва соири муттаҳидон муҳайё кардаанд.” 

Дабири кулли НАТО дар хусуси саволе дар бораи имкони узвияти сареъи Укроин дар НАТО гуфт, ки чунин тасмиме бар ӯҳда ва бо тасмими ҳар 30 узви НАТО муяссар аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *