Дасти кам 125 нафар дар яке аз бадтарин ҳаводиси бозии футбол дар майдоне дар Индонезия шомгоҳи шанбе 1 октябр бар асари издиҳоми ҷамъият кушта ва беш аз 320 нафар захмӣ шуданд.
Ин ҳодиса замоне рӯй дод, ки ҳаводорони бошгоҳҳои “Арема ва “Персебё Сурабё” пас аз шикасти се бар ду тими “Арма” дар Маланг воқеъ дар шарқи Индонезия ба майдони бозӣ шуриш бурданд ва бо ҳаводорони тими баранда даргир шуданд.
Ба гуфтаи Неко Афинта раиси пулиси минтақаи Ҷоваи шарқӣ шиллики гази ашковар боиси ҳараҷу марҷ ва хафагии шуморе аз тамошогарон дар зери дасту по ва фишори ҷамъият шудааст.
Вай изофа кард, ки тамошогарон ба маъмурон ва худравҳо ҳамла кардаанд ва бештарини талафоти ҷонӣ бар асари ҳуҷуми ҷамъият ба як хурӯҷӣ будааст.
Пулис мегӯяд 34 нафар дар дохили майдон ва бақия пас аз интиқол ба бемористон даргузаштаанд ва ду маъмури пулис ҳам дар миёни кушташудагон ҳастанд.
Раиси бемористоне дар минтақа ҳам гуфтааст бархе аз қурбониён дучори зарбаи мағзӣ шудаанд ва кӯдаки 5 сола низ дар байни ҷонбохтагон аст.
Федератсияи футболи Индонезия бо эъломи таътил кардани як ҳафтаи лигаи олӣ ва бо баёни ин, ки ин ҳодиса чеҳраи футболи ин кишварро хадшадор кардааст, гуфт, ки таҳқиқот перомуни ин ҳодиса оғоз шудааст.
Ҷоко Видодо, раисҷумҳури Индонезия дар вокуниш ба ҳодисае, ки шанбешаб рӯй дод гуфт, ки чораҳои амниятӣ дар бозиҳо футбол бояд ба диққат баррасӣ шаванд. Вай афзуд умедвор аст, ки ҳодисаи шаби шанбе “охирин трагедии футболи кишвар” бошад ва такрор нашавад.