Тибқи иттилоъи шаҳрдории Душанбе Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт, раиси Маҷлиси миллӣ ва писари раисҷумҳур, бо сафари корӣ роҳии Туркманистон шудааст.
Манбаъ хабар медиҳад Рустамро дар фурудгоҳи байналмилалии Ашқобод муовини Раиси Халқ Маслиҳати Миллӣ Генгеши Туркманистон, сафири Тоҷикистон дар Туркманистон ва намояндагони расмии ин кишвар пешвоз гирифтанд.
Ба иттилоъи манбаъ дар ин сафар раиси Маҷлиси миллиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Раисҷумҳури кунунии Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола, 12 марти соли ҷорӣ ба ҷои падараш Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба курсии президенти такя зад. Дар “интихобот”-и пеш аз муҳлати раёсатҷумҳурӣ Сардор 72,97 дарсад “овоз гирифт”.
Ӯ аввалин фарзанди раисҷумҳур дар Осиёи Марказӣ аст, ки қудратро аз падараш мерос гирифт. Дар қаламрави собиқи Шӯравӣ Илҳом Алиев аввалин шуда ба мерос гирифтани қудрат даст ёфта буд.
Рустами Эмомалӣ ҳам меросбари аслии падараш хонад мешавад ва борҳо коршиносон санаи интиқоли қудратро ҳам пешбинӣ карда буданд. Ҳоло ҳам бархе коршиносон ба ин назаранд, ки яке аз ҳадафҳои сафари Рустам ба Ашқобод “таҷрибаомӯзӣ” аз интиқоли қудрат аст.
Яке аз далоили коршиносн ҳам ин аст, ки моҳи март Рустами Эмомалӣ ба Озарбойҷон рафта буд. Кишваре, ки он ҷо ҳам писар аз падар курсии президентӣ мерос гирифтааст.