Рубрики Хабарҳо

Чаро сармоягузорон ба «сохтмони аср»-и Тоҷикистон бетаваҷҷӯҳанд?

Давлати Тоҷикистон эълон карда, минбаъд ҳам аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ даъват хоҳад кард, ки барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун маблағгузорӣ кунанд. Дар баробари дигар ниҳодҳои молӣ аз Бонки Исломии Рушд низ даъват шудааст дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун саҳм бигирад. Дар ҳамин ҳол сармоягузорон ба саҳмгузори дар “сохтмони аср”-и Тоҷикистон алоқаи чандоне нишон намедиҳанд. 

Охири ҳафтаи гузашта вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар мулоқот бо мудири минтақавии Бонки Исломии Рушд Иброҳим Шукрӣ масъалаи маблағгузории бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллии кишвар, аз ҷумла лоиҳаи неругоҳи барқи обии Роғунро баррасӣ кард. Бонки Исломии Рушд яке аз саҳмитарин бонкҳо дар кӯмакҳои молӣ  ба Тоҷикистон аст.

Ёдовар мешавем, ки дар авохири моҳи феврали соли ҷорӣ раиси дафтари Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл ба хабарнигорон гуфта буд, ки дар моҳи декабри соли гузашта дар мулоқоти намояндагони ҳукумати Тоҷикистон бо донорҳои байналмилалӣ масъалаи маблағгузории ин нерӯ баррасӣ шуд.

«Мо манфиатдорем, ки сохтмони НБО «Роғун»-ро ба анҷом расонем, аммо дар мавриди бозори фурӯши нерӯи барқ, харид ва таъмини чораҳои муҳофизатӣ саволҳо вуҷуд доранд», — гуфт ӯ.

Раиси дафтари Бонки Осиёии Тавсеъа таъкид кард, ки пас аз анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун ин иншоот ба манбаи даромади кишвар табдил хоҳад ёфт. Аммо бо назардошти натоиҷи таҳқиқоти Бонки Ҷаҳонӣ, саволҳои зиёде вуҷуд доранд, ки донорҳои байналмилалӣ қабл аз ширкат дар маблағгузорӣ бояд посух диҳанд.

Шанни Кэмпбелл қайд кард, ки ҳарчанд Бонки Осиёии Рушд сохтмони нерӯгоҳи Роғунро мустақиман маблағгузорӣ намекунад, аммо барои фурӯши ояндаи нерӯи барқи тавлиди ин нерӯгоҳ кумаки ғайримустақим мерасонад. Ин ба маблағгузории лоиҳа (сохтмони хати интиқоли барқ) оид ба пайваст кардани системаи энергетикии ҷумҳурӣ ба ҳалқаи Осиёи Марказӣ дахл дорад, ки тавассути он имкониятҳои иловагии фурӯши нерӯи барқи зиёдатӣ ба вуҷуд меоянд. Илова бар ин, БОР татбиқи лоиҳаи роҳи ба нерӯгоҳ барандаро маблағгузорӣ мекунад. Мушкил ин аст, ки рохи хозира дар минтакаи обхезй қарор дорад.

Тоҷикистон пас аз оҷиз мондан дар сохтмони нерӯгоҳ бо маблағи дохилӣ ба сармоягузорони хориҷӣ муроҷиат кард, аммо бо гузашти солҳо то ҳол ҳеҷ сармоягузоре омодагиаш дар  ширкат дар “сохтмони аср”*-ро эълон накардааст. 

Раиси дафтари Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон саволҳое, ки сармоягузорон медиҳанд матраҳ накардааст, аммо коршиноси тоҷик Абдуманнон Шералиев мегӯяд бо таваҷҷӯҳ ба мазмуни ин суолҳо мешавад ба асли масъала пай бурд. 

“Ба гуфтаи Кэмбпелл яке аз суолҳо дар мавриди бозори фурӯши нерӯи барқ аст. Аслан сохтмони Нерӯгоҳи обию барқии “Роғун”, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ қатъ гашт, бо такя ва умед ба бозори Покистону Афғонистон дубора аз сар гирифта шуд. Аммо баъди шурӯъи сохтмони хати интиқоли барқи CASA 1000 Афғонистон эълон кард дар пружа ба ҳайси кишвари транзитӣ ширкат хоҳад кард, на харидор. Покистон ҳам, ҳарчнад ҳанӯз расман аз хариди барқи НБО “Роғун” даст накашидааст, талаботе пеш мегузорад, ки нишон медиҳад дигар ин кишвар манфиатдори хариди барқи Тоҷикистон нест”,  мегӯяд коршинос. 

Аз ҷумлаи талаботи ғайриинтизори Покистон ба гуфтаи Шералиев ин аст, ки “се сол пеш ин кишвар пешниҳод кард дар зимистон барқи зиёдатии Покистон тавассути ҳамин хат ба Тоҷикистону Қирғизистон содир шавад. Ин дар ҳолест, ки ин ду кишвар баъди сохтмони нерӯгоҳҳои “Роғун” ва “Қамбарота” дигар ниёзе ба хариди барқ аз хориҷ ҳатто дар зимистон низ нахоҳанд дошт”.

Талаби дигари Покистон қимати барқ аст, ки аз 9 сенти қаблан пешбинишуда даст кашидаву бамаротиб арзонтар мехоҳад.

“Зоҳиран, сабаби аслии пушт гардондани Покистон ба барқи Тоҷикистон шурӯъи сохтмони ҳудуди даҳ нерӯгоҳи бузург дар ин кишвар аст, ки аз ҷониби Чин маблағгузорӣ мешавад ва баъди сохтани онҳо Покистон дигар ниёзе ба воридоти барқ нахоҳад дошт” — таъкид кард коршиноси тоҷик. 

Ба гуфтаи ӯ “Афғонистон ҳам бо суръат рӯи пружаҳои тавлиди дохилии барқ пеш меравад. Узбекистон, харидори дигари барқи Тоҷикистон дар садади сохтани нерӯгоҳи атомӣ аст, ки талаботаш ба воридоти барқро агар пурра таъмин накард, хеле поинтар мебарад”. 

Дар ҳамин ҳол, як манбаъи Паём дар вазорати молияи кишвар аз сабабҳои дигаре ҳам ном бурд, ки сармоягузоронро мегурезонад. Ӯ мегӯяд аз 30 то 50 дарсади маблағҳои ҷудошуда ба сохтмони нерӯгоҳ дуздида мешаванд ва чун дар ин дуздӣ асосан ширкатҳои мутааллиқ ба хонаводаи раисҷумҳур даст доранд, касе ҳақи тафтиши онҳоро надорад.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ дар сохтмон бинобар дуздиҳои зиёд маҳсулоти арзону бесифат истифода шудаанд ва яке аз сабабҳои пайдо шудани сӯрох дар сад ҳам ҳамин буд. «Сармоягузорони хориҷӣ аз ҳамаи ин мушкилот огоҳанд ва намехоҳанд пулҳояшонро дар пружае гузоранд, ки нимаш дуздида мешавад ва ба ними дигараш маҳсулоти бесифат харидорӣ мегардад. Ҳеҷ сармоягузоре аҳмақ нест, ки пулашро ба оби Вахш партояд» — изҳор дошт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки тарҳи нерӯгоҳи Роғун аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва шаҳодатномаҳои саҳмияҳои НБО Роғун маблағгузорӣ мешавад. Соли гузашта барои ин максадхо аз бучети давлатй кариб 2,5 миллиард сум харч карда шуд. Аз оғози эҳёи сохтмони лоиҳа (аз соли 2008) то аввали соли ҷорӣ ба ин ҳадафҳо 37,7 миллиард сомонӣ сарф шудааст.

Холо аз шаш агрегати пешбинишуда дутоаш гузошта шудааст. Тибқи лоиҳа иқтидори ҳар як агрегат 600 МВт мебошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *