Бар асоси гузориши сомонаи “РИА новости” раиси шурои муфтиёти Русия Равил Гайниддинов аз масъулони Арабистони Саудӣ хостааст, ки барои зиёрати муҳоҷирони кории Осиёми Миёна иҷозат диҳанд. Ба гуфтаи ин сомона ин иҷозат аз ҳисоби саҳмияи Русия дар назар гирифта мешавад.
Ба гуфтаи ин сомона саҳмияи Ҳаҷ барои Русия 20,500 нафар аст, ки метавон солона 200 то 300 саҳмияро ба муҳоҷирони кории Осиёми миёна ихтисос дод. Гайниддинов ҳамчунмин ибрози умедворӣ кардааст, ки ин дархости вай аз ҷониби Арабистон пазируфта мешавад.
Ба гуфтаи Элдар Аловиддинов муфтии Маскав солона теъдоди зиёде аз муҳоҷирони Осиёи Миёна ба хусус Тоҷикистон ва Узбакистон барои рафтан ба ҳаҷ аз тариқи Русия талош мекунанд. Зеро масорифи Ҳаҷ аз Русия камтар ва ҳамчунин муқаррароти он осонтар аст.
Ин дар ҳоле аст, ки дар Тоҷикистон ҳар сол нархномаи ҳаҷ боло меравад ва муқаррароти сахтгиронае ҳам вазъ шудааст. Бинобарин муҳоҷирон мекушанд аз тариқи дигар кишварҳо рафта маросими Ҳаҷро анҷом диҳанд.