Амрико дар вокунише ба гузориши “Вол стрит журнал” дар мавриди густариш ва тақвияти ҳамкориҳои Эрону Русия дар арсаи сайберӣ аз ин масъала ибрози нигаронӣ кард. Ба гуфтаи сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико бояд дар ин маврид ҳушёр буд.
Иёлоти муттаҳидаи Амрико гузориши тозаи нашрияи “Вол стрит журнал” дар мавриди таъмиқи ҳамкориҳои сайберӣ байни Теҳрону Москваро нигаронкунанда хонд.
“Вол стрит журнал” рӯзи душанбе 27 март гузорише дар ин бора мунташир карда ва аз ҷумла навишта, ки Ҷумҳурии Исломӣ дар ивази паҳподҳое, ки ба Русия медиҳад, фановарӣ ва нармафзорҳои пешрафта ҷиҳати назорат ва контроли диҷитол дарёфт мекунад.
Ведант Пател, муовини сухангӯи вазорати хориҷаи Иёлоти муттаҳида, рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки агарчи шахсан ин гузоришро надида, аммо бояд бигӯяд, ки “густариши муносиботи Русия бо “омилони шар” монанди Эрон сабаби нигаронии амиқ аст”.
Ӯ дар ин бора гуфт: “мо вайрониҳоеро, ки Русия дар Киев бо истифода аз паҳподҳои тавлиди Эрон ба бор овардааст, дидаем ва шоҳиди ҳадаф қарор гирифтани манобеъи энержӣ ва зерсохтҳои Укроин будаем. Зери назар доштани дақиқи чунин равобите амри бадеҳӣ аст.”
Муовини сухангӯи вазорати хориҷаи Иёлоти муттаҳида ҳамчунин равобити Теҳрону Маскавро “сабаби нигаронии кишварҳои ҳамсоя” донист ва ҳушдор дод, ки на танҳо кишварҳои ҳамсоя балки кулли ҷаҳон бояд нисбат ба он ҳушёрӣ ба харҷ диҳанд”.
Дар гузориши “Вол стрит журнал”, ки бо такя бар иттилооти манобеъи огоҳи нашрия таҳия ва мунташир шуда, аз ҷумла омадааст, ки Русия дар густариши ҳамкориҳои низомӣ бо Эрон, ба Ҷумҳурии Исломӣ дар арсаи “беҳбуди тавоноиҳои расад ва контрол бар иртибототи диҷитол” кумак мекунад.
Ин нашрия дар гузориши худ ба нақл аз манобеъи огоҳ бидуни зикри номи онҳо навишта, ки Русия аз замони оғози таҷовузи низомӣ ба Укроин, “афзун бар таҷҳизот ва фановарии расади иртиботот, дастгоҳҳои шунуд, таҷҳизоти аккосии бисёр пешрафта ва дурӯғсанҷ ба Эрон фурӯхта аст”.