Давлати Амрико бо ибрози нигаронии нисбат ба истифодаи абзори Чин аз шабакаи иҷтимоии Тик-Ток, хостори фурӯши ин апликейшн шудааст.
Двлати Амрико ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ бо ибрози нигаронӣ нисбат ба истифодаи абзори давлати Чин аз шабака иҷтимоии Тик-Ток ва ҳамчунин амнияти додаҳои вобаста бо ҳарими хусусии корбарон, хостори вогузории ин апликейшн аз сӯи молики кунуниаш ҳастанд.
Амрико, Канада ва бархе кишварҳои аврупоӣ тайи моҳҳои ахир талошҳои худ барои ыорисозии маҳдудият бар шабакаи иҷтимоии Тик-токро афзоиш додаанд. Ҳатто кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагонм Амрико қонунеро тасвиб кард, ки бар асоси он, Ҷо Байден, раисҷумҳури ин кишвар ихтиёри мамнуъияти комили Тик-Токро хоҳад дошт.
Аз сӯи дигар, то кунун беш аз 20 иёлати Амрико насбу истифода аз апликейшни Тик-Ток бар рӯй гӯшиҳо ва компютерҳоеро, ки давлат дар ихтиёри кормандони давлатӣ қарор медиҳад, мамнуъ эълом кардаанд. Ҳамчунин бархе аз донишгоҳҳои ин кишвар низ истифода аз Тик-Ток бо интернети вайфайӣ дар муҳитҳои донишгоҳиро мамнуъ кардаанд.
Давлати Ҳинд низ дар соли 2020 ба далели нигарониҳои амниятӣ ва ҳарими хусусӣ истифода аз шабакаи паёмрасони Тик-Токро мамнуъ кард. Истифодаи кормандони давлати Тайван аз Тик-Ток ва дигар нармафзорҳои сохти Чин бар рӯй гӯшиҳо ва компютерҳои давлатӣ низ мамнуъ аст. Канада низ аз дигар кишварҳое аст, ки дар он насби Тик-Ток бар рӯй гӯшиҳои давлатӣ, ки дар ихтиёри кормандон қарор доранд, мамнуъ аст. Ҳамчунин Шӯро ва парлумони Иттиҳодияи Аврупо талош доранд насби Тик-Ток бар рӯй гӯшиҳо ва компютерҳои кормандони худро мамнуъ эълом кунад.
Олмон, Фаронса, Англия ва Эстония аз дигар кишварҳое ҳастанд, ки истифода аз Тик-Ток тавассути кормандони давлатиро маҳдуд карда ё то кунун ширкати молики ин шабакаи иҷтимоиро ба далели нақзи қавонини вобаста бо ҳарими хусусӣ ҷарима кардаанд. Маҳдудиятҳои ҷоришуда аз сӯи кишварҳои ғарбӣ бар Тик-Ток тайи моҳҳои ахир дар ҳоли афзоиш қарор дошта, ки истифода аз ин шабакаи иҷтимоӣ дар худи Чин аз солҳо пеш имконпазир нест.
Бештарин нигаронии марбут ба Тик-Ток ношӣ аз ҳамкории наздики Нидерландиг Byte Dance ба унвони молики ин апликейшн бо давлати Чин ва додани иттилооти марбут ба корбарон бо давлат аст. Бар асоси қавонини Чин, ширкатҳои чинӣ бояд иттилоотеро, ки дар ихтиёр доранд дар ихтиёри давлат бигузоранд. Истифодаи абзори давлати Чин аз Тик-Ток барои аҳдофи таблиғотӣ ва адами итминон нисбат ба амният додаҳои корбарон низ аз дигар нигарониҳои умдае аст, ки коршиносон ва бархе аз кишварҳои ғарбӣ ба унвони далоили аслии зарурати маҳдуд сохтан ин шабакаи иҷтимоӣ унвон мекунанд.
Апликейшни Тик Ток тавассути ширкати фановарии Byte Dance-и Чин тавсеа ёфта ва бо беш аз як миллиард корбар дар саросари ҷаҳон ба унвони “нармафзори ҷосусии Чин” матраҳ аст. Амрико ва кишварҳои ғарбӣ бар ин боваранд, ки апликейшни Тик Ток ва ширкати Byte Dance додаҳои ҳассоси корбаронро копия мекунанд.
Крис Рэй, мудири FBI дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон Амрико дар ноябри 2022, апликейшни Тик-Ток-ро як “таҳдиди амнияти миллӣ” хонда буд. Мудирони аппликейшни Тик-Ток ин иттиҳомотро рад ва таъкид мекунанд, ки Иёлоти муттаҳида Амрико ва кишварҳои ғарбӣ аз чунин масоиле барои тазъифи Чин истифода мекунанд.