Рубрики Хабарҳо

Медали нуқраи варзишгари тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳон

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба куштӣ миёни собиқадорон медали нуқра ба даст овард. Мусобиқот миёни собиқадорон 4 октябр дар шаҳри Пловдиви Булғористон шурӯъ шуд, ки то 9 октябр идома меёбад. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқа ҳудуди 300 варзишгар аз 40 кишвари ҷаҳон дар 5 гурӯҳ вобаста ба синну сол (дар ҳар гурӯҳ 6 вазн) иштирок доранд. Аз Тоҷикистон ду нафар – бародарон Ҷамшед ва Зайниддин Мақсудовҳо дар ин мусобиқа ширкат карданд.

Дар рӯзи дуюми нерусанҷиҳо Ҷамшед Мақсудов дар вазни 70кг-и гурӯҳи «D» ба гирифтани ҷои дуюм мушарраф шуд. Рақобатҳои ин вазн нахуст ба таври даврӣ сурат гирифта, Ҷамшед дар даври аввал аз Шамше Тлашадзеи гурҷистонӣ мағлуб шуда, дар ду даври дигар бар Гунар Спрунк (Олмон) ва Ивайло Саров (Булғория) пирӯз гардид ва ба нимфинал баромад.

Дар нимфинал варзишгари мо ба муқобили намояндаи Узбекистон Убайдулло Эргашев дастболо шуд ва дар финал боз ҳам бо варзишгари Гурҷистон Шамше Тлашадзе вохӯрда, мағлуб гардид. Ҷои сеюмро намояндаи Олмон Стефан Биттменн сазовор шуд.

Зайниддин Мақсудов  дар вазни -78кг-и гурӯҳи «С» ҷои панҷумро касб кард. Зайниддин дар чорякфинал бар намояндаи Қазоқистон Владимир Овсяников ғолиб омад, аммо дар нимфинал аз варзишгари Словакия Атилла Райз ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз намояндаи Албания Мираш Палӣ шикаст хӯрд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *