Як “сӯхтор” дар пуле, ки нимҷазираи Кримро ба Русия мепайвандад, ҳаракат аз рӯи онро номумкин кардааст. Дар ҳамин ҳол мақомоти рус фарзияҳои гуногун ироа мекунанд. Наворҳои нашршуда аз воқеъияти комилан дигаре ҳикоят мекунанд.
Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия эълон кард дар пул як мошини борбар кафонида шудааст, аммо ТАСС хабар медиҳад сӯхтор рӯи ин пул дар натиҷаи вуқӯъи оташсӯзӣ дар як систернаи қарори борбар ба вуқӯъ пайвастааст.
Дар пули Крим имкон дорад харобкорӣ (диверсия) анҷом шудааст. Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия ба РБК гуфтааст субҳи шанбе, 8 октябр рӯи ин пул як мошини борбари ҳомили маводи сӯхт тарконда шуда, ки дар натиҷа 7 систерни ҳаракаткунанда дар роҳи оҳани ҳамин пул низ дучори сӯхтор шудаанд. Ду қисми роҳи мошингард қисман фурӯ рафтаанд.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории ТАСС бо истинод ба маркази матбуотии Роҳи оҳани Крим навиштааст сӯхтор дар натиҷаи оташгирии як систерни ҳомили сӯхт дар қаторае шурӯъ шудааст. “Як систерни ҳомили сӯхт дар охири як қатора оташ гирифт. Локомотив бо қисме аз систернҳо ба истгоҳи Керч бароварда шуд. Корҳои барқарорсозӣ ҷараён доранд. Сабаби ҳодиса муайян карда мешавад” — гуфта шудааст дар хабар.
Тибқи маълумоти расмӣ бахше аз роҳи мошингард “қисман фурӯ рафта”, роҳи оҳан низ “зарар дидааст”. Ҳаркати дар роҳи мошингард “муваққатан боздошта шудааст”.
“Роҳбар”-и аз ҷониби Русия таъиншудаи Крим Олег Крючков таъкид кардааст, ки “дарвозаҳои киштигузар зарар надидаанд”. “Ҳарф задан дар бораи сабабҳо ва оқибатҳо ҳанӯз барвақт аст. Кор барои хомӯшсозии сӯхтор идома дорад”, — навиштааст ӯ дар Телеграмм.
Дар шабакаҳои укроинӣ наворҳое аз ҷои ҳодиса пайдо шудаанд, ки сӯхтани чанд систерн ва фурӯравии қисмате аз роҳи автомобилгардро нишон медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол дақоиқе пеш наворе нашр шуд, ки бархӯрди бомб ба пулеро нишон медиҳад, ки зоҳиран ҳамон пули Крим аст.
Гуфтанист, қисми асосии таъминоти артиши Русия дар манотиқи ишғолшудаи Укроин тавассути ҳамин пул сурат мегирифт ва баста шудани он мушкилоти зиёдеро барои артиши Русия ба бор меоварад.