Рубрики Хабарҳо

Иттиҳодияи Аврупо ҳазорон низомии укроиниро омӯзиш медиҳад

Бинобари гузоришҳо кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бар сари омӯзиши ҳарчӣ сареътари ҳазорон низомии укроинӣ тавофуқ кардаанд. Пеш аз ин низ низомиёни укроинӣ дар бархе кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмон омӯзиш дидаанд ва ин кор идома дорад. 

Кишварҳои ғарбӣ на танҳо бо ирсоли таҷҳизоти низомӣ аз Укроина ҳимоят мекунанд, балки сарбозони укроиниро ҳам омӯзиш дода ва медиҳанд. 

Ин ҳимоятҳо аз оғози таҷовузи низомиёни русӣ ба хоки Укроин дар 24 феврали имсол оғоз шуда ва дар арсаҳои мухталиф ҳамчунон идома дорад. 

Бархе расонаҳои олмонӣ, аз ҷумла ҳафтаномаи “Шпигел” ва рӯзномаи “Де Велт” рӯзи якшанбе, нӯҳуми октябр гузориш доданд кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди омӯзиши ҳазорон сарбози дигари укроинӣ тавофуқ кардаанд. 

Шпигел ҳудуд як ҳафта пеш бо истинод ба иттилооте, ки ба даст оварда буд ин хабарро мунташир кард, аммо ҷузъиёти бештари он тоза расонаӣ шудааст. 

Ин нашрия дар гузориши тозаи худ навиштааст Кумитаи сиёсӣ ва амниятии Иттиҳодияи Аврупо, шомили сафирони кишварҳои узв ва масъули ҳамоҳангии сиёсати хориҷии Иттиҳодия дар мавриди омӯзиши сарбозони укроинӣ тавофуқ кардаанд. 

Давраҳои омӯзишӣ дар Лаҳистон ва Олмон 

Петр Фиала, сарвазири Чехия ва раиси давраии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа дар ҷараёни иҷлоси ғайрирасмии сарони Иттиҳодия гуфта буд аз тавофуқ бар сари маъмурияти омӯзишӣ барои низомиёни укроинӣ истиқбол мекунад аммо ба теъдоди ин низомиён ишорае накард. 

Ба гузориши рӯзномаи Велт қарор аст кишварҳое назири Олмон ва Лаҳистон ва бархе дигар аз кишварҳои узви Иттиҳодия дар барномаи омӯзиши сарбозони укроинӣ мушорикат кунанд. 

Олмон тобистони имсол гурӯҳе аз низомиёни Укроинро барои кор бо танкҳои “Леопард” омӯзиш дода буд. Ҷон Кёрби, сухангӯи вазорати дифоъи Амрико авохири моҳи апрел таъид карда буд, ки низомиёни америкоӣ дар хоки Олмон истифода аз сомонаҳои пешрафтаи тӯпхонаиро ба сарбозони укроинӣ омӯзиш медиҳанд. 

Суръат гирифтани бозпасгирии манотиқи ишғолӣ 

Низомиёни Русия, ба хусус дар моҳҳои оғози таҷовузи низомӣ муваффақ шуданд наздик ба як панҷуми хоки Укроинро ишғол кунанд. Манотиқи ишғолӣ ба таври умда дар шарқу ҷануби Укроин қарор доранд. 

Дар ҳафтаҳои ахир нерӯҳои укроинӣ бо суръат дар манотиқи ишғолӣ пешравӣ мекунанд ва то кунун муваффақ шудаанд чанд шаҳри муҳим ва стратегиро озод кунанд. 

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия моҳи гузашта эълом кард фармони басиҷи бахше аз афроди захираи нерӯҳои мусаллаҳро имзо кардааст. 

Ба гуфтаи Сергей Шогу, вазири дифоъи Русия фармони Путин барои басиҷи ҳудуди 300 ҳазор нафар аз нерӯҳои захира аст. Яке аз ҳадафҳои ин иқдом фароҳам кардани заминаи “озодсозӣ”-и минтақаи Донбасс дар шарқи Укроин унвон мешавад. 

Фармони басиҷи Путин, нишонаи заъф? 

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин ва бисёре аз нозирони ғарбӣ фармони Путинро нишонаи заъф арзёбӣ карда ва онро бо пирӯзиҳои ахири нерӯҳои укроинӣ дар озодсозии бархе манотиқи ишғолӣ муртабит медонанд. 

Нерӯҳои захираи артиши Русия барои омодагии ҳузур дар саҳнаҳои набард ба чанд моҳи омӯзиши низомӣ ниёз доранд ва бар ҳамин асос таҳлилгарон мӯътақиданд ноумедии Маскав аз пирӯзиҳои барқосо дар Укроин боис шуда ин кишвар худро омодаи як даргирии баландмуддат кунад. 

Русия умед дошт тайи чанд рӯз пас аз оғози ҳамла ба Укроин, пойтахти ин кишвар Киевро тасарруф ва давлати Зеленскийро сарнагун ё водор ба таслим кунад. 

Бо нокомии Маскав дар расидан ба ин ҳадафи низомиёни русӣ аз атрофи Киев, ақибнишинӣ кард ва дар ҷабҳаҳои ҷанубу шарқи Укроин мустақар шуданд. 

Омӯзиши 15 ҳазор низомии Укроин 

Мутобиқи иттилооте, ки ҳафтномаи Шпигел ба онҳо даст ёфтааст, Иттиҳодияи Аврупо қасд дорад ҳар чӣ сареътар то 15 ҳазор низомии укроиниро омӯзиш диҳад ё барои онҳо давраҳои омӯзиши такмилӣ баргузор кунад. 

Ҳудуди се ҳазор низомии укроинӣ қарор аст омӯзишҳои вижа бубинанд, ки шомили омӯзиши тактикҳои размӣ барои фармондеҳон ва давраҳои омӯзишӣ барои пешқаравулон мешавад. 

Давраҳои омӯзиши кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо қарор аст ба сурати мутамаркизи созмондеҳӣ шаванд ва барои ин манзур як маркази фармондеҳии кӯчак дар Лаҳистон ташкил шавад. 

Ин марказ кори ҳамоҳангии фаъолиятҳои омӯзиширо бар ӯҳда хоҳад дошт аммо давраҳои омӯзишӣ дар кишварҳои мухталифи Иттиҳодияи Аврупо, мутаносиб бо имконот ва ниёзҳо баргузор хоҳад шуд. 

Тааҳҳуди Олмон ба мушорикати густурда 

Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон дар ҳошияи иҷлоси ғайрирасмии сарони Иттиҳодияи Аврупо дар Прага итминон дод, ки ин кишвар дар барномаи омӯзишии ин иттиҳодия барои низомиёни Укроин саҳми муҳимме бар ӯҳда хоҳад гирифт. 

Шолтс таъкид кард барномаи омӯзиши Иттиҳодияи Аврупо “бисёр пурдомана” хоҳад буд ва дар ҳафтаҳои оянда дар мавриди он тасмимгирии ниҳоӣ хоҳад шуд. 

Жозеп Боррел, масъули ҳамоҳангии сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар моҳи август бар идомаи ҳимоятҳо аз Укроин барои муқобила бо таҷовузи низомии Русия таъкид кард ва аз густариши барномаҳои омӯзишии сарбозони укроинӣ хабар дод. 

Барномаҳои омӯзишӣ шомили дифоъ дар баробари истифода аз силоҳҳои кимиёвӣ, биологикӣ ва атомӣ ва муқобила бо ҳамлаҳои сайберӣ мешаванд. 

Омӯзиши дифоъи зиддиҳавоӣ, тадорукот, таъмири таслиҳот ва ҷанги хиёбонӣ ва хона ба хона аз дигар давраҳое ҳастанд, ки қарор аст барои сарбозони укроинӣ баргузор шаванд. 

Ба навиштаи рӯзномаи Велт қарор аст маъмурияти омӯзишии Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти 17 октябр вазирони хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодия дар Люксембург ба тасвиби ниҳоӣ бирасад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *