Эътирозоти саросарии алайҳи ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба думболи фарохони гурӯҳҳои мухталиф барои таҷаммӯъоти хиёбонии рӯзҳои шанбеву якшанбе низ идома ёфт.
Мардум дар хиёбонҳои бисёре аз шаҳрҳо аз ҷумла Теҳрон, Шероз, Исфаҳон, Арок, Сунандҷ, Караҷ, Рафсанҷон, Машҳад ва ғайра ҳузур доштанд ва шиорҳои зидди ҳукуматӣ сар медоданд.
Дар ҳоле, ки эътирозҳо дар шомгоҳ идома дошт, гурӯҳи ҳакерии “Адолати Алӣ”, телевизиони Ҷумҳурии Исломиро ҳак кард ва дар миёни пахши хабари соат 21 аз шабакаи якуми Садову симо, паёме бо тасвири Алии Хоманаӣ ва чеҳраи чаҳор зани кушташуда дар эътирозот дар сафҳа намоиш дода шуд.
Дар ин паёми ҳудуди 20-сонияӣ шиори “зан, зиндагӣ, озодӣ” шунида мешуд ва зери тасвири Хоманаӣ паёми “хуни ҷавонони мо мечакад аз чанги ту” ҳак шуда буд.
Ин гурӯҳ дар паёми твиттерӣ баъд аз ҳаки телевизион навишт: “ба по хезед ва дар хиёбонҳо ба мо бипайвандед. То нобудии низоми фосид ба амалиёти худ идома медиҳем.”
Бо густариши доманаи эътирозот ва эътисобот, касаба ва бозориёни бозори бузург ва бозори тиҷории Теҳрон низ даст ба эътисоб заданд. Косибони шуморе аз шаҳрҳои курднишини Эрон низ дар рӯзҳои шанбеву якшанбе бо бастани мағозаҳои худ, эътисобҳо дар ин манотиқро дар ҳамсадоӣ бо хезиши мардуми Эрон идома доданд.