11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Лукашенко: ману Раҳмон яксон меандешем. Кабирӣ: ҳарду зеҳнияти колхозӣ доранд

Дирӯз, 12 октябр раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт, бо Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мулоқот кард. 

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотиаш, Александр Лукашенко дар ин вохӯрӣ гуфтааст: «мардумони мо шабеҳи якдигаранд. Ҳатто метавонам бигӯям, ки онҳо ҳеҷ тафовути бо якдигар надоранд: онҳо мардумони меҳрубон, меҳнатдӯст ва боистеъдод мебошанд. Маҳз бо ҳамин сабаб, мо дар равобити худ ба муваффақиятҳо даст ёфтаем.» 

Раисҷумҳури Белорус хотирнишон кард, ки Эмомалӣ Раҳмонро беш аз 25 сол аст, ки мешиносад. «Ин роҳ барои мо осон набуд. Аммо дишаб ба ӯ гуфтам: «мо ин ҳама муддат бо ҳам зиндагӣ кардем, аммо ёдам намеояд, ки то ба ҳол боре тунд сӯҳбат карда бошем, дашном дода бошем ва ё ҳатто ҳатто баҳс карда бошем. Мо ҳамеша мавқеъи ягона доштем. Ҳамеша аз якдигар ҳимоят кардаем. Ин ба он сабаб нест, ки мо бо ҳам дӯст ҳастем, балки мо дар ин замина комилан яксон меандешем” — таъкид кард Лукашенко. 

Иттифоқан, раҳбари мухолифини тоҷик Муҳиддин Кабирӣ қабл аз он ки Лукашенко ин ҳарфҳоро бизанад, онро зимнан тасдиқ кард ва сабаби яксон андешидани Раҳмону Лукашенкоро шарҳ дод. Раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар мусоҳибааш бо як шабакаи телевизионии Литва, ки рӯзи душанбе сабт шуду ҳанӯз нашр нашудааст ва қисмате аз он дастраси Паём гашт, ба суоли хабарнигор дар бораи муштаракиёти Раҳмону Лукашенко чунин гуфт: 

“Онҳо ҳарду собиқ раисони колхоз ҳастанд ва зеҳнияти колхозӣ доранд”. 

Дар посух ба хабарнигор, ки дубора пурсид “маҳз зеҳнияти колхозӣ?” Кабирӣ гуфт: “бале, маҳз зеҳнияти колхозӣ ва бо ҳамин зеҳният онҳо кишварҳои худро ба колхозҳои бузург табдил доданд ва то ҳол худро раисони колхоз мебинанд”. 

Раҳбари мухолифини тоҷик муносибати Раҳмону Лукашенко бо Путинро ҳам ба амалкарди раисони колхоз ташбеҳ кард: “иттифоқан, муносибати онҳо бо ҷаноби Путин ҳам мисли муносибати раисони колхоз бо обком (раиси ҳукумати иҷроияи вилоятӣ дар замони шӯравӣ) аст: Раҳмон ба ӯ тарбузу харбуз тӯҳфа меорад, Лукашенко трактор. Дар навбати худ Путин онҳоро бо кадом як ордену медалҳо қадрдонӣ мекунад”. 

Александр Лукашенко бо силоҳи бегонаҳо вориди пойтахти кишвараш шудани дӯсташ Раҳмонро ҳам фаромӯш накард ва бо ифтихор худашро ҳам ба ӯ ташбеҳ намуд.  

Ӯ таъкид кард, ки танҳо раҳбарони Белорус ва Тоҷикистон омодаанд бо силоҳ дар даст дифоъ аз ҳокимият ва амният дар кишварҳояшон ҳастанд. Раисҷумҳури Белорус бо силоҳ соли 1992 вориди Душанбе шудани Раҳмонро ба хотир овард ва гуфт худаш ҳам дар сол 2020 маҷбур ба гирифтани мусалсал (автомат) шуд.

Гуфтанист, соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон, ки бо кудато дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон қудратро ба даст гирифта буд, бо силоҳ ва артиши Русияву Узбекистон вориди Душанбе шуд ва пойтахти кишвари худашро ба хоку хун кашиду ҳазорон нафарро ба қатл расонд. Аммо зоҳиран барои Лукашенко (ва Раҳмон инчунин) артиши Русия бегона нест ва онҳо ин корро ифтихор медонанд.  Ҳамчунин итоат аз “обком”-и худро. 

Лукашенко низ соли 2020 тазоҳуроти осоиштаи мардуми кишварашро, ки ба нишони эътироз ба тақаллуб дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба кӯчаҳо рехта буданд, ба хун кашид ва садҳо нафарро кушт. Он замон аксе аз ӯ нашр шуда буд, ки мусалсал дар даст ҳаракат мекард. Маълум нест ӯ аз он тир холӣ кардааст ва ё дар майдоне, ки мардум ҳузкр доштанд пайдо шудааст ё на. 

Раисҷумҳури Белорус иддаъо кард дӯсташ Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин рӯзҳои ташкили давлати мустақил барои Тоҷикистон ҷангидааст: “Ва ҳатто дар ҳоле, ки захмӣ буд. Мана ин қотеъият аст. Бинобар ин ӯ ҳамеша барои ман намунаи фидокорӣ ва эътимод буд. Барои ҳамин байни мо чунин муносиботи самимона ба вуҷуд омаданд — дар пояи муштаракоти мардумони тоҷику белорус”.  

Маҳмадтоир Зокирзода низ дар навбати худ гуфт, ки мардуми Тоҷикистон раҳбари Белорусро ҳамчун як сиёсатмадори хирадманд мешиносанд ва аз ӯ ба хотири қотеъияташ қадрдонӣ мекунанд. 

«Дар қаламрави собиқ Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ, аз назари рӯҳия ва арзишҳои зиндагӣ, мардуми мо наздиктарин ба ҳам ҳастанд. Тоҷикистон дар шахси Белорус як дӯсти қобили эътимод, шарики стратегӣ, ҳамфикрро мебинад. Тоҷикҳо гармтарин ва самимонатарин эҳсосотро нисбат ба Белорус доранд” — иддао кард раиси парлумони Тоҷикистон. 

Гуфтанист, Раҳмону Лукашенко диктотуртарин раҳбарони кишварҳои собиқ шӯравӣ маҳсуб мешаванд ва ҳарду танҳо раҳбароне ҳастанд, ки дар ҳамлаи Русия ба Укроин канори Путин истодаанд. Ин тасмими онҳо кишварҳояшонро дар инзивои бештари байналмиллалӣ қарор додааст ва дар натиҷа ҳарду торафт бо ҳам ва “обком”-ашон наздиктар мешаванд.  

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *