Рубрики Хабарҳо

Исроил иттилооти паҳподҳои эрониро дар ихтиёри Укроин қарор додааст

Исроил иттилооти марбут ба паҳподҳои эрониро, ки Русия аз онҳо дар ҳамалоти ахир ба Укроин истифода мекунад дар ихтиёри Киев қарор додааст. Ҳамзамон бо ин иддаои “Иерусалем Пост” (The Jerusalem Post), Укроин аз ҳамлаи паҳподии дигаре ба минтақаи атрофи пойтахти ин кишвар дар рӯзи панҷшанбе 13 октябр хабар дод. 

“Иерусалем Пост” дар гузорише бо тарҳи ин иддао ба нақл аз Ню-йорк Таймз овардааст, ки Исроил “иттилооти аввалия” дар хусуси паҳподҳои эронии мавриди истифода қароргирифта тавассути артиши Русияро ба мақомоти укроинӣ мунтақил кардааст. 

Бар асоси ин гузориш, як мақоми аршади исроилӣ мавзӯъи иттилоърасонӣ дар бораи паҳподҳои эронии бакоргирифташуда дар Укроинро бо рӯзномаи Таймз дар миён гузошта ва ҳамчунин ёдовар шудааст, ки як ширкати хусусии исроилӣ тасовири моҳвораӣ аз мавзеъи нерӯҳои русиро дар ихтиёри масъулони укроинӣ қарор медиҳад. 

Мақомоти укроинӣ, амрикоӣ ва бритониёӣ дар гузоришҳои иттилоотии ҷудогона таъйид кардаанд, ки неруҳои артиши Русия дасти кам аз моҳи август ба ин сӯ аз чандин навъи паҳподи эронӣ дар амалиёти таҳоҷумии худ ба Укроин истифода кардаанд. 

Владимир Зеленский рӯзи душанбеи гузашта дар пайи ҳамалоти густурдаи Русия ба чандин шаҳри Укроин гуфт, ки бахше аз ин ҳамалот бо паҳподҳои интиҳории “Шоҳид-136” сурат гирифтааст. 

“Иерусалем Пост” дар гузориши худ бо ишора ба паҳподҳои “Шоҳид”, ки аз сӯи Эрон таҳвили Русия шуда менависад, ки истифода аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар маҷмӯъ бо “муваффақиятҳои маҳдуде” дар саҳнаи набард ҳамроҳ будааст. 

Вазорати дифоъи Бритониё низ рӯзи чаҳоршанбе қобилияти паҳподҳои “Шоҳид”-ро зери суол бурд ва гуфт, ки аз суръати болое бархурдор нестанд ва дар иртифоъи поин парвоз мекунанд. Масъалае, ки сабаб мешавад “якояки паҳподҳо” ба содагӣ ҳадафи сомонаҳои падофанди ҳавоӣ қарор гиранд. 

Дар гузориши вазорати дифоъи Бритониё аммо дар айни ҳол омадааст, ки Русия бо ба парвоз даровардани ҳамзамон теъдоде аз ин паҳподҳо саъй дар бартараф кардани заъфи ёдшуда дошта ва ба муваффақиятҳои ҳам даст пайдо кардааст. 

Артиши Укроин муддаӣ аст, ки то кунун теъдоде аз ҳавопаймоҳои Шоҳид-136-ро, ки аз сӯи Русия дар ҳамалот ба ин кишвар мавриди истифода қарор гирифта, сарнагун кардааст. 

Киев ба тозагӣ дар ҳамин хусус муддаӣ шудааст, ки дасти кам 60 дарсад аз 86 паҳподи “Шоҳид”-и бакоргирифташуда аз сӯи Русия дар ҳамалоти рӯзи душанберо мунҳадим карда ст. 

Мақомоти баландпояи эронӣ аз ҷумла Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи ин кишвар ба тозагӣ ва бори дигар таҳвили паҳпод ба Русия барои истифода дар ҷанги Укроинро рад кардаанд. 

Як масъули аврупоӣ низ рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, ки истифодаи Русия аз паҳподҳои эронӣ дар ҳамалот ба Укроин дар сурати таъйид паёмадҳое барои Теҳрон ба ҳамроҳ хоҳад дошт. 

Ҳамлаи дубора ба манотиқи атрофи Киев бо паҳподҳои интиҳории Эрон 

Ҳамзамон бо интишори гузориши Иерусалем Пост, Укроин бори дигар аз ҳамлаи Русия бо паҳподҳои сохти Эрон ба ҳавмаи Киев, пойтахт, дар рӯзи панҷшанбе 13 октябр хабар дод. 

Фармондори минтақаи Киев бо эъломи ин, ки ин ҳамлаи паҳподӣ ба минтақаи перомуни пойтахт сурат гирифтааст, ишорае накард, ки оё ин ҳамла талафоти ҷонӣ дар пай доштааст ё на. 

Кирилл Тимошенко, муовини масъул дар дафтари раёсатиҷумҳурии Укроин ҳам дар телеграм навишт, ки ба “таъсисоти зерсохтии ҳаётӣ” ҳамла шудааст. Вай низ ишорае ба ҷузъиёти ин ҳамлаи паҳподӣ накард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *