Муассисаи Citizen Lab рӯзи душанбе эълом кард, ки ба мақомҳои бритониёӣ дар мавриди олуда шудани дастгоҳҳои электироникии давлатии ин кишвар ба нармафзори ҷосусии сохти Исроил ҳушдор додааст.
Бино ба гузориши Citizen Lab, тарроҳ ва тавлидкунандаи ин бадафзори ҷосусии ширкати исроилӣ “Анасав” будааст, ки ба номи Пегасус шинохта мешавад. Бадафзори Пегасус қобилияти насб рӯй гӯшиҳои телефони ҳамроҳро дорад.
Citizen Lab дар гузориши худ навиштааст, ки ин марказ дар солҳои 2020 ва 2021 мавориди зиёди машкукеро аз олудагиҳои ҷосусафзори Пегасус дар сомонаҳои роёнаи давлати Бритониё мушоҳида карда, ки ба давлат ин кишвар иттилоъ додааст.
Citizen Lab ҳамчунин эълом кард, ки дафтари нахуствазири Бритониё тавассути муштариёни NSB дар Амороти арабии муттаҳида ҳадафи ҳамла қарор гирифта дар ҳоле, ки ҳаки вазорати хориҷаи Бритониё аз кишварҳои дигар аз ҷумла Кипр, Урдун ва Ҳинд анҷом шудааст.
Аз Citizen Lab ба унвони як маркази таҳқиқотии пешрав дар заминаи нармафзорҳои ҷосусӣ ном бурда мешавад.
Бо вуҷуди ин яке аз сухангӯён гурӯҳи “Анасав” гуфт, ки ин иттиҳомот нодуруст аст ва ба далоили фаннӣ ва қарордоде наметавонд ба маҳсулоти ин гурӯҳ марбут бошад.
Марио Пелканус, сухангӯи давлати Кипр ҳам ба хабаргузории Рейтер гуфт, ки мақомҳои ин кишвар қотеъона ҳар гуна дахолат дар ин мавзӯъро рад мекунанд. Амороти арабии муттаҳида, Урдун ва Ҳинд то кунун дар мавриди ин мавзӯъ изҳори назар накардаанд.
Бадафзори Пегасус яке аз тавонмандтарин абзорҳои дастрасӣ аз роҳи дур аст, ки пас аз нуфуз ба дохили телефони ҳамроҳ ва насб дар он, имкони дастрасӣ ба иттилооти шахси корбарро фароҳам мекунад. Ҳамчунин бадафзори Пегасус ин қобилиятро дорад, ки ба воситаи он битавон садо ва тасвири ҳадафро аз роҳи дур забт ё мавқеияти макони ӯро радаёбӣ кард.
Бар асоси гузориши расонаҳои байналмилалӣ, телефонҳои бисёре аз мақомҳои давлати кишварҳои мухталиф, рӯзноманигорон ва фаъолони ҳуқуқи башар бо ҳадафи ҷосусӣ аз онҳо ба кумаки бадафзори “Пегасус” ҳак шудаанд.
Дар ҳар ҳол Рон Деберт, яке аз мудирони Citizen Lab дар гузориши ин марказ навиштааст, ки онҳо фақат тавонистаанд вуҷуди олудагиҳо ба бадафзори Пегасусро аз тариқи равишҳои скан шиносоӣ кунанд аммо ҳеҷ иттилооте дар мавриди қурбониёни бритониёӣ надоранд.
Бино ба гузориши Ню-Йорк, мавзӯъи ҳаки дафтари нахуствазири Бритониё тавассути маркази миллии амнияти сайберии ин кишвар баррасӣ шудааст ва шуморе аз техникҳо чанд телефони ҳамроҳи давлатиро барои ёфтани бадафзори ҷосусии Пегасус озмоиш кардаанд, аммо ёфтаҳои онҳо ҳанӯз исбот нашудааст.