Рубрики Хабарҳо

«Эътироф»-и ДОИШ дар арафаи нишасти Душанбе. Ё фарзияву итилоҳҳои яксони ДОИШ-у ҳукумати Тоҷикистон

“Давлати исломӣ” ё ДОИШ баъди 25 рӯзи вуқӯъи фоҷеъа дар зиндони Ваҳдат маъруф ба “Кирпичний” масъулияти онро ба дӯш гирифт. Аҷибтар аз ин “сареъият”-и ДОИШ ва бисёр ба ҳам монанд будани фарзияи ин созмон ва ҳукумати Тоҷикистон, эътирофи ДОИШ дар арафаи нишасти муҳими сарони чанд кишвар дар Душанбе аст.

Сойти “Ан-набаъ”, ки мутаъаллиқ ба ДОИШ дониста мешавад, навиштааст “тибқи иттилоъи як манбаъи мӯътамадаомилони ҳуҷум дар зиндони “Фохдот”-и (зоҳиран “Ваҳдат”-ро дар назар доштааст) Тоҷикистон дар 14-уми Рамазон муҷоҳидини “Давлати исломӣ” буданд”.

“Ан набаъ” дар идома менависад “манбаъ иттилоъ дод, ки муҷоҳидини маҳбус қабл аз шаҳодаташон дар зиндоне воқеъ дар шарқи Душанбе чанд нафар аз низомиёни муртади тоҷик ва тоғутҳои зиндониро куштанд”.

Муҳимтарин ҷанбаъи ин сарусадои охир ба назари мо ҳодисаро ба дӯши худ гирифтани ДОИШ айнан дар арафаи нишасти сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар пойтахти Тоҷикистон аст. Дар ин нишаст яке аз мавзӯъҳои қалидӣ амнияти минтақавӣ мебошад. Душанбе солҳост мехоҳад кишварҳои минтақаву ҷаҳонро бовар кунонад, ки хатари терроризм дар Тоҷикистон бисёр болост ва бояд ҳама кишварҳо дар мубориза бо он саҳмгузор бошанд. Албатта саҳми молӣ дар назар аст. Ин эътирофи ахири ДОИШ холи хубе ба дасти мақомоти Тоҷикистон медиҳад.

Абдусаттор Бобоев, раҳбари Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС, ки манобеъи худро дорад мегӯяд аслан ба фарзияи даст доштани ДОИШ ба ҳодисаи зиндони Тоҷикситон бовар надорад. Ӯ таъкид мекунад, тибқи маълумоте, ки ҳанӯз қабл аз ошӯб ба ӯ расида буд, мақомот ҳаракоти шубҳаноке дар ин зиндон анҷом медоданд.

Раиси КШНГЗС ҳамчунин мегӯяд мақомот қаблан ҳам мекӯшиданд низоъҳое дар зиндон байни тарафдорони ДОИШ ваз як тараф ва ҲНИТ-у дигар маҳбусини сиёсиву динӣ аз тарафи дигар роҳандозӣ кунанд, аммо муваффақ намешуданд. Яке аз сабабҳои пешгирӣ аз ин низоъҳоро ӯ дар кӯшишҳои Махсуми Абдусаттор, узви Раёсати олии ҲНИТ медонад, ки аз обрӯву эътибори баланде байни маҳбусон бархӯрдор буд, ва дар сурати сар задани камтарин низоъ бо насиҳату гуфтушунид онро бартараф мекард.

Бобоев саҳми раисҷумҳури Тоҷикстонро ҳам дар фоҷеъаи зиндони Ваҳдат кам намедонад. Ӯ мегӯяд: Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар чандин нишаст таъкид кард, ки инҳо гурӯҳе ҳастанд. ки маҳӯзоҳиби дигарро қабул кардаанд ва бо ин ҳукми қатли онҳоро ба ҳайси қозии ДОИШ содир кард. Ӯ ошкоро гуфт Эшони Йиёмиддини Ғозӣ мазҳаби шиъаро қаул кардааст ва ҲНИТ*ро ҳам ба пайрави аз мазҳаби дигар муттаҳам кард. Вақте раисҷумҳур даст ба чунин ҷиноят мезанад, дигар аз ДОИШ чӣ мешавад интизор буд?”

Раиси КШНГЗС таъкид кард “Раисҷумҳур медонад, ки ДОИШ душмани аҳзобе чун ҲНИТ аст, чун ҲНИТ ҳамеша алайҳи куштору террор баромад мекунад. Ҳатто агар   

ҷавонони 19-20 солаи тарафдори ДОИШ ба ин окр даст задаанд, ки боварнокарданист, ҳатман паси ин кор мақомоти амниятии Тоҷикистон меистанд.”

Бобоев гуфт “мо маълумоти дақиқе дар даст дорем, ки қабл аз ошӯб як гурӯҳ кормандони гурӯҳи “АЛФА”-и Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон бо либоси зиндониён ва сарҳои тарошида дар зиндони Ваҳдат гаштугузор мекарданд”.

Қаблан сойти “Ахбор” ҳам иттилоъ дода буд, ки чанд рӯз қабл аз ошӯб, писари Гулмурод Ҳалимов ба утоқе гузаронида шудааст, ки онҷо Шайх Темур нигоҳдорӣ мешуд.   

Ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва коршиносон чанд суоли калидӣ ҳам матраҳ кардаанд, ки то ҳанӯз посухи худро наёфтаанд ва бидуни посух ба онҳо фарзияи ҳукумат танҳо фарзия боқӣ мемонад ва ҳаргиз воқеъият касб намекунад. Чанде аз ин суолҳо:

1. Маҳбусон дар дохили зиндон, ки ҳатто ба даст овардани сӯзан тақрибан ғайриимкон аст, корду арматураро аз куҷо пайдо карданд?

2. Чӣ гуна чанд ҷавони 19-20 солаи бетаҷриба тавонистанд низомиёни машқдида ва мусаллаҳ ва муҷоҳиди таҷрибадоре чун Махсуи Абдусатторро бикушанд, дар ҳоле, ки нафаре аз онҳо кушта нашавад?

3. Чаро мақомот, агар рост мегӯянд, то ҳол навори сабти камераҳои назоратии зиндонро расонаӣ накардаанд?

4.  Чаро ҷасади кушташудагон ба наздиконашон нишон дода нашуд? Мақомот чиро мехоҳанд пинҳон кунанд?

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *