Categories Хабарҳо

Танбеҳ ва ивази ҷои кор —“ҷазо”-и чанд мақоми баландпоя дар Тоҷикистон

Чанд мансабдори баландпояи Хадамоти гумрук, Кумитаи андоз ва Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар вохӯрии раисҷумҳур бо ин ниҳодҳо зери танқид қарор гирифта буданд, “муҷозот” гардиданд. Раҳбарони Хадамоти гумруку Бонки миллӣ бо муовинонашон танбеҳ гирифта, ду муовини раҳбари Кумитаи андоз ба кори дигар гузаронида шуданд.  

Бо амрҳои раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Хуршед Абдураҳмон – сардори Хадамоти гумрук бо се муовинаш —  Турсунзода Азим Ҳайдар, Ҳурматзода Иззатулло Зариф ва Шерализода Хуршед, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед бо муовинонаш Нуралиев Ҷамолиддин Камолович (домоди раисҷумҳур), Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло ва Салимова Лола Ҷумаевна “бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиашон” танбеҳ дода шудаанд.

Ҳамчунин ду муовини раиси Кумитаи андоз Юсуфи Пӯлодҷон Султон ва Сафарзода Лола Ҳаким бо гузаронидан ба кори дигар “муҷозот” шудаанд. Дар бораи “кори дигар”-и онҳо маълумот нашр нашудааст. Худи раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, ки аз афроди бисёр наздик ба Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад, бе ҷазо мондааст.

Чанде қабл ҳам чунин намуди “ҷазодиҳӣ” аз тарафи раисҷумҳур нисбати раиси Агентии зиддиинҳисории Тоҷикистон амалӣ шуда буд. Баъди кӯшиши номуваффақи мақомот барои боло бурдани қимати интернет, Саъдӣ Қодирзода, ки ин фармонро имзо карда буд, муоҷзот “шуд”. Ӯ аз вазифааш озод гардида ба вазифаи баландтар — муовини раҳбари дастгоҳи раисҷумҳур таъин гардид.  

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *