Яке аз шоҳидони ҷанг ва сулҳи тоҷикон дар бораи сабабҳои вориди музокироти сулҳ шудани Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, хиёнатҳои ҷониби ҳукумат ва ояндаи мубориза
Замоне ки музокироти сулҳ ба марҳалаи охир наздик мешуд, қарор шуда буд, ки дар Маскав Созишномаи сулҳ имзо шавад, Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ раҳбари ИНОТ бо Отахон Латифӣ ба қароргоҳи нерӯҳои мухолифини тоҷик, ки дар вилояти Тахори Ҷумҳурии исломи Афғонистон буд, ташриф оварданд. Қумондонҳои муҷоҳидини точик дар ин вохӯрӣ, ки бештар аз 300 нафар разманда иштирок доштанд,саволеро ба Устод матраҳ карданд, ки чунин буд:
Чаро нерӯҳои муҷоҳидин дар дохили кишвар наздики Душанбе расидаанд, аммо шумо ба сулҳ розӣ шудед? Мо муҷоҳидин дар ин сулҳ розӣ шуда наметавонем!
Дар посух Устод чунин гуфт:
Чаҳор сабабе, ки маро ба ин сулх водор кардааст:
1. Бо ҷанг тасарруф кардани Тоҷикистон нооромӣ ба вучуд меорад ва дахолати Ӯзбекистону Русияро. Мисли Афғонистон ноором мешавад ва ҳеҷ кас пирӯз нахоҳад шуд. Танҳо мардуми тоҷик аз ин нооромӣ зарари калон мебинад;
2. Нерӯҳои хориҷӣ ба қумондонҳои алоҳидаи муҷоҳидин ва ҳукумат робита барқарор кардаанд, ёрии молӣ ва ҳарбӣ мерасонанд ва ғарази худро доранд. Шояд ин дар дохил як ихтилофи низомиро ба вуҷуд орад ва гурӯҳҳо бо ҳамдигар задухӯрд кунанд. Айнан он чӣ дар Афгонистон шуда истодааст;
3. Хавфи пароканда шудани миллати тоҷик ва дар ба дар шудани ӯ дар ин нооромиҳое, ки дар боло ёдовар шудем.
4. Ояндаи норӯшани ҳукумати Устод Раббонӣ ва ба сари кор омадани ҳукумати Толибон. Дар ин ҳолат будани мо дар Афғонистон имконнопазир мешавад.
Дар охири суханаш Устод гуфт:
Дар ин роҳ ман истихора кардам ва ба ин оят чанг задам, ки Худованд мефармояд:
«Агар онон (яьне мушрикон) майл ба сӯи сулҳ кунанд, пас ту ҳам майл кун! Ва таваккал ба Худо кун! Ва хаққо, ки Ӯ шунаво ва доно аст» (Анфол 61)
Ва баъди он ки Устод Нурӣ ба ҳайси раиси Комиссиюни оштии миллӣ дар дохили Точикистон буд, хамин саволхо борҳо дода шуд .Дар ҷавоб Устод чунин мегуфт, ки муборизаи мо пирӯзии низомӣ надорад. Ҳодисаҳои кишварҳои ноороми ҷаҳон инро ба исбот расониданд.
Ин чанд сухан аз таърихи воқеии Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (раҳмати Худо бар ӯ бод) буд. Ва мехоҳам давоми он ояте, ки Устод Нурӣ сармашқи сулҳи байни тоҷикон қарор дода буд, биёварам, ки Худованд мефармояд:
«Ва агар бихоҳанд туро (дар сулх) фиреб диҳанд ба яқин бидон, ки Худо туро басанда аст. Ӯ ҳамон зоте аст, ки қувват додааст туро бо нусраташ ва бо мӯъминон»
Ин посухи касоне аст, ки мегӯянд: Ин сулҳ як фиреби ҳукумат буд барои шикасти нерӯҳои муҷоҳидин.
Устод Нурӣ дар ин сулҳ ба ҳадафҳояш, ки оромии ҷомеъа ва муборизаи сиёсӣ буд, расид. Ҳизбро фаъол кард, вориди муборизаи сиёсӣ гардонид, ки масъулини ҳизб то ҳол фаъоланд, ҳарчанд баьзеяшон дар зиндон ҳастанд. Ин суннати мубориза аст. Ин устуворӣ худ як пирузии бузург аст, агар болояш андеша шавад.
Агар нерӯҳои мухолифин баъди хиёнатҳои Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи соли 2010 даст ба тазоҳурот мезаданд, шояд ҷомеъаи ҷаҳониро қонеь карда наметавонистанд, ки Раҳмон воқеъан хиёнаткор аст. Бо ҳар дасисае тазоҳуротро ба хушунат мекашид ва мухолифинро саркӯб мекард. Инро онҳо интизор буданд.
Аммо хушбахтона мухолифин ҳушёрона амал карданд ва сабр карданд ва сабри онҳо имрӯз аз чеҳраи ин хиёнаткор парда бардошт ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ донист, ки як диктаторе беш нест. Дигар ягон кишвари дунё қабулаш надорад. Бо ин хиёнатҳояш обрӯе, ки дар вақти сулҳ кардан ба даст оварда буд, аз даст дод. Худованд дар сураи Оли Имрон ояи 178 мефармояд:
«Ва касоне,ки куфр варзиданд гумон накунанд, ки он чи ба онҳо мӯҳлат медиҳем ба хайри онхост. Ҷуз ин нест, ки мӯҳлаташон медиҳем то бар гуноҳи хеш биафзоянд. Ва барои онҳо азоби хоркунанда аст»
Хушбахтона наҳзати исломӣ дар хориҷи кишвар ҳам тавонист худро басиҷ кунад, бо нерӯҳои дигари мухолиф муттаҳид шавад ва ҳатто фишорҳои чашмрасе болои ин ҷинояткор оварад. Инҷо ҳатман ҳикматҳои зиёде нуҳуфтааст.
Худованд мефармояд: «Ва ҳаргиз (дар баробари душман) суст нашавед ва (аз шикаст хӯрдан) ғамгин нашавед ва шумо дастболо ҳастед агар мӯъмини (воқеъӣ) ҳастед. Агар шуморо (дар ҷанги Уҳуд ) осебе расид онҳоро (дар ҷанги Бадр) осебе расида буд. (Пирӯзӣ ва шикастро) байни мардум бо навбат меорем то маълум кунад Худо касонеро, ки (дар ҳақиқат) имон овардаанд. Ва аз миёни шумо шоҳидҳо бигирад (яьне касонеро барои шаҳодат додан бар аъмоли мардум дар рӯзи қиёмат. Ин ишора ба шаҳидоне аст, ки дар набард шаҳид мешаванд). Ва Худованд дӯст намедорад золимонро. Ва низ барои он ки касоне, ки имон овардаанд холис гардонад (яъне ҳушёру зирак гардонад) ва кофиронро ба тадриҷ нобуд созад. Оё мепиндоред, ки вориди биҳишт мешавед дар холе, ки ҳанӯз Худованд касонеро,ки аз шумо ҷиҳод карданд ва сабр карданд, маьлум накардааст (яъне Худованд муҷоҳид ва собири шуморо маълум сохта, баъд ба биҳишт ворид месозад) (Оли Имрон 139-142).
Худованд ҳам нерӯҳои муборизро имтиҳон мекунад ва ҳам чеҳраи тоғутро маьлум сохта, тадриҷан аз байн мебарад. Иншоаллох.
Худованд нусратро барои муборизини роҳи Ҳақ арзонӣ фармояд! Омин!
Абдуқодири Муҳаммадсиддиқ