Рубрики Хабарҳо

Парвандаи ба Интерпол додаи Тоҷикистон мақомоти Лаҳистонро ба ханда овард

Парвандае, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон барои дастгир кардани Маҳмадӣ Тешаев ба пулиси байналмилал додаанд намояндагони чанд ниҳоди Лаҳистонро ба ханда даровард.

Маҳмадӣ Тешаев, раиси собиқи бахши ноҳиявии ҲНИТ дар Рӯдакӣ, ки мақоми паноҳандагӣ дар Олмонро дорад, ҳангоме дастгир шуд, ки барои дидани бародараш , рӯзи шанбе, 04 август ба Лаҳистон омад. Бародари ӯ Ҳабибулло Тешаев бинобар посухи ради мақомоти муҳоҷирати Олмон ба Лаҳистон фиристода шудааст ва мақомоти Лаҳистон ҳам тасмим гирифтаанд ӯро истирдод кунанд.

Маҳмадӣ Тешаев мегӯяд вақте барои дидани бародараш, ки дар боздоштгоҳи Хадамоти муҳоҷирати Лаҳистон қарор дорад ба онҷо рафт, кормандони хадамот ҳуҷҷатҳои ӯро тафтиш карданд ва нагузоштанд бо бародараш дидор кунад. Се нафари дигарро, ки ҳамроҳи ӯ буданд, аз ҷумла Шабнам Худойдодова ва Абдусаттор Бобоев, ба дохил роҳ доданд ва Тешаев ин иҷозатро нагирифт.

Баъди соате командони Хадамоти муҳоҷират эълон карданд ӯ бо дастури Интерпол боздошт шудааст ва бояд телефони дастиву дигар лавозимоти худро биспорад. Тешаев билофосила бо масъулини ҲНИТ дар Лаҳистон тамос гирифт ва онҳоро аз қазия огоҳ кард.

Таъаҷҷуб ва хандаи кормандони Хадамоти муҳоҷират

Кормандони Хадамоти муҳоҷират аз Тешаев пурсиданд, ки оё огоҳӣ дошт, ки дар ҷустуҷӯи пулиси байналмилал аст. Ӯ посух дод “бале” ва қазияро барояшон қисса кард. Гуфт парвандаи ман, аз ҷумла парванде, ки Тоҷикистон ба Интерпол додааст, мақомоти Олмон ду сол баррасӣ карданд ва ба ман паноҳгоҳи сиёсӣ доданд.

Онҳо аз ин ки мақомоти як кишвар метавонад метавонад ба шаҳрвандаш тӯҳмат занад таъаҷҷууб карданд ва вақте Тешаев қиссаи мусалсалу таппончаи “пайдошуда” дар ҳоҷатхонаи ҳавлиашро гуфт, хеле хандиданд.

Хандаи додситон аз дурӯғи мақомоти тоҷик

Рӯзи душанбе, 06.04 ӯро ба додситонии шаҳри Люблино бурданд. Додситон гуфт тибқи парвандае, ки мақомоти Тоҷикистон ба Интерпол додаанд, шумо дар қазияи моҳи сентябри 2015 даст доред ва 22-сентябр дар хонаат норинҷак, таппончаи Макаров ва мусалсали Калашников пайдо кардаанд.

Тешаев гуфт, ман аз ин парванда иттило дорам, аммо даъвои мақомоти Тоҷикистон пурра тӯҳмат аст. Додситон гуфт, чӣ гуна мақомоти як давлат метавонанд бо дурӯғ парванда созанд ва боз онро ба Интерпол супоранд? Тешаев гуфт, шумо бояд ё мақомоти Тоҷикистонро бовар кунед ё мақомоти Олмонро. Мақомоти Олмон ҳамаи ин парвандаро бо диққат омӯхта ба ман паноҳандагии сиёсӣ додаанд.

Додситон гуфт, пас қисса кун, ки чӣ гуна ба ту тӯҳмат задаанд. Тешаев гуфт, аввалан моҳи сентябр ман дар Тоҷикистон набудам. Ман масъули бахши ҲНИТ дар яке аз калонтарин ноҳияҳо будам, ки баъди фишори мақомот моҳи июл маҷбур ба тарки кишвар шудам. То замони хурӯҷи ман аз Тоҷикистон, тӯҳматҳои зиёде, мисли дигар аъзову масъулини ҳизб, ба ман бор карданд ва тамоми тиҷорату корҳоямро ғасб карданд. 6-уми июл аз Тоҷикистон ба Қазоқистон рафтам ва аз онҷо бо дарёфти виза ба Олмон сафар кардам. Баъди 2,5 моҳи рафтани ман аз Тоҷиикстон аз хонаам норинҷак, мусалсал ва таппонча пайдо кардаанд.

Гуфт: Хонум додситон, шумо метавонед бовар кунед, ки ман, як инсони болиғ, ки ҷавон ҳам нестаму соҳиби чанд фарзанди кӯчак, норинҷак, мусалсал ва таппончаро дар ҳоҷатхонаи ҳавлиам пинҳон кунам ва 2,5 моҳ пас онро мақомот пайдо кунанд?

Додситон хеле хандид ва гуфт “ин чӣ аҳмақ мақомоте будааст, ки ба ин кор даст мезанад? Фикр намекунанд, ки ин нафар се моҳ пеш рафтааст ва наметавонад дар хонаи кӯдакдор дар як ҷои дастрас яроқ пинҳон кунад?” Додситон ҳамчунин арзи тасаллият кард, ки ӯро боздошт кардаанд ва гуфт баробари расидани нусхаи ҳуҷҷатҳояш аз Олмон озод хоҳад шуд.

Додрас ҳам ҳайратзада мешавад

Парвандаи Тешаев ба додгоҳ ирсол шуд ва додрас ҳам мутаъаҷҷиб шуд, ки чӣ гуна мақомоти як кишвар метавонад ин қадар дурӯғ гӯяд. Аз Тешаев пурсид, “мақомот мегӯяд ту дар ҳаводиси моҳи сентябри 2015 даст доштӣ ва аз хонаат аслиҳа пайдо шудааст, ту мегӯӣ дурӯғ аст, чӣ далел дорӣ?” Гуфт “тамоми ҳуҷҷатҳое, ки ба хадамоти муҳоҷирати Олмон супоридаам, далел ҳастанд. Ман 6 июл аз Тоҷикистон хориҷ шудаам ва 16 июл дар Олмон талаби паноҳандагӣ кардаам. Он ҳаводис ду моҳ пас аз хориҷ шудани ман рух доданд”.

Дар масъалаи силоҳ ҳам Тешаев гуфт онро пас аз 2,5 моҳи хориҷ шудани ман ба хонаам партофтаанд ва кӯдаконам ҳам шоҳиди аз мошин гирифтану дар ҳоҷатхонаи мо партофтани он силоҳҳо будаанд. Додрас ҳам аз ин қисса ба ханда омад ва хеле таъаҷҷуб кард.

Додрас ҳукми боздошти Тешаев барои 7 рӯзро содир кард ва гуфт дар сурати барвақттар расидани ҳуҷҷатҳоят аз Олмон, зудтар озод мешавӣ. Ду рӯз пас ҳуҷҷатҳояш, аз ҷумла шиносномаи тоҷикияш бо мӯҳри хурӯҷ аз Тоҷикистону Қазоқистон ва вуруд ба Олмон расид ва ӯро рӯзи панҷшанбе, 09 август озод карданд.

Бори аввал нест, ки мақомоти аврупоӣ аз дурӯғбофиҳои мақомоти Тоҷикистон дар ҳайрату ханда меафтанд. Қаблан чунин ҳодисаҳо бо Шоҳнаими Карим ва Бобоҷони Қаюмзод рух дода буданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *