Як ҳайат аз Тоҷикистон аз корхонаи худравсозии Минск ва таъсисоти BelAZ боздид кардааст .
Ҳайати Тоҷикистон бо сарпарастии Шералии Кабир, вазири саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон аз корхонаи худравсозии Минск ( MAZ ) ва корхонаи БеЛАЗ-и Беларус боздид кард .
Ба иттилои хабаргузориҳои Белорус, Сергей Никифорович-мудири кулли БеЛАЗ меҳмонони Тоҷикистонро бо фаъолияти ин ширкат, сохтор ва зарфияти тавлиди он ошно кардааст.
Ин дар ҳоле аст, ки ҳафтаи гузашта намоишгоҳи ширкатҳои Беларус бо ширкати BelAZ дар Душанбе баргузор шуда буд . Қарор аст бар асоси натоиҷи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Беларус нақшаи роҳи тавсеаи ҳамкориҳо таҳия шавад.