Рубрики Хабарҳо

Улгузанони шоистаи олами ислом

Аксар нафароне, ки ҳанӯз ба таври комил аз олами ислому шариати он бархӯрдор нестанд, хабардор нестанд ва чунин мепиндоранд, ки гӯё ин дин бонувонро чун ҷинси заъиф пӯшидаву пинҳону ба тавре хонагӣ ва нокомилҳуқуқ муайян кардааст. Аммо агар дурусттар нигарем ва муҳаққиқона баҳо диҳем, ҳеҷ яке аз адён мисоли исломи мубин барои занон  дараҷаи волову эҳтирому ҳуқуқи комилтаре надодааст.  Ба ҳамин хотир,  бобати бонувон, улгуҳои шоистаи улум, адабиёт ва ҳунар, ки  дар  фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми назаррас доранд, шинос намоем.  Бояд қайд кард, ки аксари заноне, ки фарзандони фарзонаро ба воя расониданд ва то имрӯзу фардоҳои дигар номашон дар варақи заррини таърих мондагор гаштааст, албатта баландмаълумот ва ҳамаҷониба рушдёфта буданд, ки ин худ ба худ аллакай афсонаеро дар бораи он ки зани исломӣ ба илм дастрасӣ надорад, рад мекунад. Намунаҳои барҷастаеро ин лаҳза бароятон бозгӯ хоҳам кард, ки исботи ҷумлаҳои болоянд.
Хуб, биёед силсиларо аз қадимтар гирифта меорем.  Маъруфтарин шоираи араб Тумодир бинти Амр ибни ал-Ҳарис ибни Шарид ал-Суламия, маъруф ба Ал-Ханса, аз қабилаи Сулайм (соли вафоташ тақрибан 644). Элегияҳои ӯ, ки дар онҳо бародарони фавтидаашро чун достони пурдарди марсиямонанд ёд мекунад, маъруфиятро аз даст надода, ба замони мо омада расидаанд. Навиштори лирикии вай ба бисёр забонҳои ҷаҳон, аз ҷумла русӣ тарҷума шудаанд. Хабар дода мешавад, ки вай пас аз як мулоқоти шахсӣ бо ҳазрати паёмбар Муҳаммад (дуруди Ҳақ нисорашон бодо) дини исломро қабул кард ва инчунин ба Макка ташриф овард ва бо халифа Умар ибни Хаттоб (р) мулоқот кардааст. Воқеан, як кратер дар сайёраи Меркурий ба номи ӯ гузошта шудааст.

Қаҳрамони дигари мо  Фотима ибни Абиқосим Абдурраҳмон ибни Муҳаммад ибни Ғолиб ал-Ансори аш-Шаррат  яке аз занони босаводу фарҳангу маърифат дар Андалусия дар аввали асри 13  ба шумор мерафт. Вай бо асарҳои назарияи ҳуқуқӣ, фиқҳ, тасаввуф ва инчунин доираи васеи улуми исломӣ ошно буд. Фотима модари профессори шӯҳратёри он даврон Абулқосим бин Ал-Тайласан мебошад. Тибқи гуфтаи донишманди андалусӣ Абӯҷаъфари ал-Гарнатӣ,  «вай китобҳои зиёдеро таҳти роҳбарии падари худ омӯхтааст, ки бисёрашро аз ёд медонист. Вай Қуръонро бо роҳбарии Абӯабдуллоҳ Мадравӣ, азхуд карда буд.
Шоираи маъруф Валлада, духтари халифа ал-Мустакфии Кордоба низ аз қабили чунин бонувони соҳибақидаву саводноке буд. Карима бинти Муҳаммад бинти Аҳмад Ал-Маруазия яке аз мухаддисони машҳур буд. Вай бузургтарин фуқаҳо ва мухаддисони асрро таълим медод. Дар байни онҳо: Ҳофиз Хатиб Ал-Бағдодӣ, Абӯаблоҳ Муҳаммад ибни Насри Ҳумейдӣ, Ҳофизи Абӯтолиб Ҳусейн ибни Муҳаммад ал-Зейнабӣ, Абулмаҳсин Ал-Мисрӣ ва дигарон шогирдони ҳамин бонуи мӯҳтарама буданд.
Умми Зейнаб Фотима бинти Аяш низ яке аз занони донишмандтарин ва шоистатарини онҳо буд. Вай бо улуми фарогирифтаи худ дар байни сокинони Димишқ маъруф буд ва пас аз ба Қоҳира кӯчидан, дараҷааш боз ҳам боло рафт ва овозаи ӯ паҳн шуд. Ин бону дар шаби Арафа  дар соли 714 дунёро тарк кардааст.
Зайнаб бинти Камол муҳаддиса, ки тамоми умри худро ба дониш бахшидааст. Бисёре аз олимони бузургтарини он даврон  шогирдони вай буданд, аз ҷумла Имом Аз-Заҳабӣ.
Даҳма бинти Яҳё  аз ҷумлаи олимаҳои бузург ва ашроф, хоҳари Имом Ал-Маҳдӣ Аҳмад ибни Яҳё. Муаллифи асарҳои муҳим дар соҳаи усул-фиқҳ аст. Баъзе аз ин асарҳояшро номбар мекунам: Шарх дар китоби “Ал-Азҳар” дар чор ҷилд, Шарх “Манзуматул-Куфӣ”, “Мухтасар Мунатаха фи усул ал-фиқҳ”, “Дауаҳир”. Вай шеър ҳам менавишт.
Фотима бинти Имом Ал-Маҳдӣ Аҳмад ибни Яҳё. Факиха, ки бо дониши худ машҳур буд. Шавҳари ӯ Имом Мутаҳар, раҳимаҳуллоҳ, вақте ки ба саволи шогирдонаш посухе надошт, ба ӯ рӯ меовард. Ва ҳангоме ки ӯ бо посухи дуруст  ба сӯи шогирдон мебаромад, онҳо (бо шӯхӣ) мегуфтанд: «Ин ҷавоб аз ту нест, балки аз оне ки дар паси парда аст».
Оиша бинти Юсуф Ал-Бауния ҳам яке аз бузургтарин, арҷмандтарин ва маъруфтарин олимаҳои замонаш дар байни занон ба шумор мерафт.  Дониши зиёде  дошт,  муаллифи китобҳо ва шарҳҳои зиёд дар соҳаҳои фиқҳ, наҳв, илм ал-уруд ва илмҳои дигар мебошад. То замони мо қасидаҳои маъруфу хонданиаш низ боқиянд.
Умми Абдул-Ваҳҳоб бинти Қодӣ Ҳусейн ибни Исмоил Ал-Маҳамилӣ. Ҳофизи Қуръон, донишманд дар бахшҳои фиқҳ, наҳв ва илм ал-фароид. Вай яке аз факехтарин донишмандони замонаш дар мазҳаби Шофеъӣ буд ва дар  баробари бузургтарин олимони  он  замон  фатво  медод.
Лубна Кордобӣ, ки дар мақолае дар бораи ҷанговарони мусалмон номаш  зикр шудааст, аммо ӯро ба таври қонунӣ метавон яке аз олимаҳои номдор  номид, зеро вай риёзидони ботаҷрибае буд ва ба китобхонаи подшоҳӣ, ки беш аз 500 ҳазор китоб иборат буд, раисӣ мекард. Тибқи гуфтаи донишманди маъруф Ибни Башқувола, «Вай дар навиштан, имло ва шеър бартарӣ дошт, математикаро хуб медонист ва дар дигар илмҳо низ таҷриба дошт. Дар қасри Умавиён аз ӯ касе номдортар набуд. «
Олимоне, ки улуми исломиро аз занон меомӯхтанд, кам нестанд, масалан Имом Аз-Заҳабӣ, Имом Аз-Зӯҳрӣ, Имом Молик, Имом Аҳмад, Абу Ёл, Абусад ал-Самаонӣ, Ҳофиз Ибни Ҳаҷар ва хеле хеле дигарон. Ибни Асакир аз  80 нафар занони олима илм омӯхтааст. (Ин маълумотро  дар китоби худ Илёс Дудур оварда аст.) Имом Шафеъӣ, ал-Бухорӣ, Ибни Халкан, Ибни Ҳаббон ва бисёр дигарон низ аз занони олима  дониш гирифтаанд. (давом дорад…)

Соима Саидӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *