Идораи иттилооти вазорати дифоъи Укроин мегӯяд Ҷумҳурии Исломӣ, либосҳои зиреҳии сарбозони русиро таъмин мекунад.
Ин идора мегӯяд ҳудуди 1500 ҷалиқаи зидди гулула ва кулоҳи низомии эронӣ дар Русия нигаҳдорӣ мешавад.
Ғарб кумаки таслиҳотии Эрон ба Русияро ба маънои даст доштани Теҳрон дар ҷанги Укроин қаламдод мекунад.
Кишварҳои ғарбӣ ҳамвора бо баёни ин нукта, кумаки таслиҳотии Эрон ба Русия дар ҷанги Укроинро маҳкум кардаанд.
Ба гуфтаи Идораи иттилооти вазорати дифоъи Укроин ҳамчунин аз барномаи Эрон барои ирсоли 3000 василаи ҳифозати зиреҳии дигар ба Русия дар ояндаи наздик хабар дод.
Ба гуфтаи сайти Идораи иттилооти вазорати дифоъи Укроин мақомҳои эронӣ ҳамчунин қасд доранд гурӯҳи ҷадиде аз мушовиронро барои кумак ба Русия дар истифода аз паҳпод “Ораш-2” эъзом кунанд.
Истифода аз таҷҳизот ва нерӯҳои низомии Эрон дар ҷанги Русия бо Укроин дар моҳҳои гузашта ба таври густурдае матраҳ шудааст.
Мақомоти укроинӣ ва бисёре аз кишварҳои ғарбӣ борҳо истифодаи Русия аз паҳподҳои эронӣ — аз ҷумла паҳподҳои интиҳории “Шоҳид 136”-ро барои ҳамла ба зерсохтҳои ғайринизомӣ дар Укроин маҳкум кардаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ ирсоли паҳпод ба Русияро такзиб мекунанд.
Амир Саид Ирвонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломӣ дар Созмони милал, истифода аз паҳподҳои эронӣ дар ҷанги Украинаро нодуруст, ғайрмустанад ва бар асоси гумонзаниҳо ва шарҳҳои гумроҳкунанда тавсиф кард ва таҳқиқоти Созмони милал дар ин заминаро ғайриқонунӣ унвон кард.
Пештар Вашингтон Пост дар гузорише, аз омодагии Эрон барои афзоиши ирсоли махфиёнаи таслиҳоти сангин аз ҷумла мушакҳои баллистики кӯтоҳбурди “замин ба замин” аз ҷумла мушакҳои “Фотеҳ-110” ва “Зулфиқор” ба Русия низ хабар дода буд.
Мақомоти давлати Амрико ҳамчунин ҳузури нерӯҳои низомии Эрон дар шибҳиҷазираи Крим барои ироаи омӯзиши паҳподӣ ба Русияро таъйид кардаанд.
Амрикоиҳо аз талоши Русия барои дастёбӣ ба таслиҳоти пешрафтаи Эрон, аз ҷумла мушакҳои замин ба ҳаво низ хабар дода буданд.