Созмони ҳомии озодии баён — Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ), ки дар Амрико мустақар аст, аз мақомоти Тоҷикистон , ба иддаои рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода мабнӣ бар шиканҷа шуданаш «ҷавоби комилу қонеъкунанда» бидиҳанд.
Қаблан Пирмуҳаммадзода дар номае аз боздоштгоҳ гуфта буд, муфаттишон ӯро бо азобу шиканҷаи зиёд маҷбур карданд, гуноҳҳои нокардаро ба гардан бигирад.
Гулноза Саид, намояндаи Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон, рӯзи 25-уми октябр дар баёнияе гуфт, «бадрафториву таҳдиду эътирофи иттиҳом зери шиканҷа дар идораҳои интизомии Тоҷикистон гапи нав нест», вале «бисёр нигаронкунанда ҳастанд ва ҷавоби комил ва қонеъкунандаи мақомотро талаб мекунанд».
«Фурсати он расидааст, ки мақомоти Тоҷикистон суистифодаро аз пинҳонкорӣ дар парвандаҳои хабарнигорон бас кунанд, ки ҳуқуқи онҳоро ба таври дағалу нафратангез зери по мекунад,» – афзудааст ӯ.
Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон хостааст, мақомоти Тоҷикистон рӯзноманигорони боздоштшуда ва зиндониро фавран озод кунанд.