Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон донишҷӯёнро ба як тазоҳуроти густарда дар назди намояндагии САҲА дар Душанбе омода мекунад.
Тибқи иттилои манбаъи Паём, машқҳо аллакай оғоз шуда, донишҷӯёни зиёде ба он ҷалб гардидаанд. Қарор аст тазоҳурот баъди суханронии аъзои ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон дар нишасти САҲА оғоз шавад.
Манбаъ инчунин мегӯяд намояндагони созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, ки ба конфронси САҲА даъват шудаанд, ба бахшҳои КДАМ дар Душанбеву Хуҷанду Бохтар даъват шуда, ба эшон “маслиҳат” дода шудааст аз ширкат дар конфронс худдорӣ кунанд.
Соли гузашта ҳам донишҷӯён назди бинои намояндагии САҲА ҷамъ оварда шуда буданд ва онҳо аз кишварҳои Аврупо Хостанд Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ-ро о ба Тоҷикистон истирдод кунанд.
30-уми августи соли ҷорӣ хабаргузории давлатии Тоҷикистон “Ховар” бо нашри як мақола ба САҲА таҳдид кард, ки дар сурати роҳ ёфтани аъзои ҲНИТ ба конфронс, намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон баста хоҳад шуд.
Нишасти САҲА бахшида ҳуқуқи инсон, ки ҳар сол баргузор мегардад, қарор аст 10-уми сентябр ба кори худ оғоз кунад.
Рубрики
Хабарҳо