Рубрики Хабарҳо

КДАМ: «Тамоми хонаводаатонро кушта, нест мекунем!»

Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ ба падари як фаъоли сиёсӣ таҳдид кардааст, ки “агар писаратон аз фаъолиятҳояш даст накашад ва ба кишвар бар нагардад, ҳамаи оилаатонро бо кӯдаконатон нест мекунем”.

Субҳи 3-уми сентяби соли ҷорӣ, намояндаҳои Кумитаи давлатии ммнияти миллӣ дар ноҳияи Мӯъминобод  Насруллоҳ Қурбонови 58-сола, падари фаъоли сиёсӣ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Иззатуллоҳ Қурбоновро ба бинои шӯъбаи ин кумита даъват ва шиканҷа кардаанд.

Тибқи иттилоъи манбаъ, сардори шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Мӯъминобод дар рафти бозпурсии Қурбонов, ҳамроҳи чанд тан аз ҳамкоронаш ӯро гоҳе зери мушту лагад гирифта, бо алфози қабеҳ дашному таҳқир кардааст.

Пеш аз ин, санаи 31-уми августи соли ҷорӣ низ ӯро даъват карда, гуфта буданд: «Писари ту хоин аст, дар Аврупо бо ҳамроҳии роҳбари хоинаш Муҳиддин Карбирӣ аст. Бар зиди ҳукумат ва пешвои муаззами миллат дар интернет ҳар гуна суханҳо нашр мекунад. Агар писарат аз ин корҳояш даст накашад ва пушаймон шуда, ба Ватан бар нагардад, тамоми аҳлу оилаатонро бо ҳама кӯдаконатон мекушем!»

Ин бори аввал нест, ки намояндаҳои ин КДАМ наздикону пайвандони Иззатуллоҳ Қурбоновро дар ноҳияи Мӯъминобод даъвату бозпусӣ ва мавриди шиканҷа қарор медиҳанд. Аз соли 2016 ин ҷониб чандин маротиба падар, бародар ва модарашро ба шӯъбаи ин ноҳия, шаҳри Кӯлоб ва ҳатто Душанбе даъват карда, дар вақти бозпурсӣ озору азият ва шиканҷа кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *