Рубрики Хабарҳо

Филми нави мақомот дар бораи ҳодисаи Данғара. Барои кӯдакон (Навор)

Мақомоти Тоҷикистон филми наве бахшида ба ҳодисаи куштори сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара таҳия кардаанд. Дар ин филм Ҳусейн Абдусаломов, ки мақомот аз ӯ чун сардори гурӯҳи ҷинояткори ба сайёҳон ҳамланамуда ном мебаранд, ба гуноҳаш “эътироф” мекунад.

Дар ин филм мақомот чанд иттиҳоми дигар ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бор кардаанд. Аз ҷумла ташкили иттиҳоди ҷиноӣ дар Русия, қатлу ғорат, ҳамкорӣ бо ДОИШ, Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳои террористӣ.

Қаблан мақомот гуфта буданд, Ҳусейн Абдусаломов дар Эрон таълими низомӣ гирифтааст, аммо дар ин филм ба амокини таълимгириҳои ӯ Покистон ҳам илова шудааст. Инро худи Абдусаломов “иқрор” мекунад ва мегӯяд бо роҳи заминӣ аз Эрон ба Покистон рафтааст.

Баромади Абдусаломов ҳам пурра протоколӣ буда, бештар ба матни расмии мақомоти тафтишотӣ шабоҳат дорад, на эътирофи як ҷинояткор. Гузашта аз ин, ӯ риш ва мӯйсар дорад, ки хилофи қоидаҳои боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо мебошад. Ин ҳам дар ҳоле, ки замони боздошт ӯ риш надошт.

Модари ӯ Гулчеҳра Шодмонова ҳам дар филм лаъну нафринҳое ба ҲНИТ ирсол кардааст, аммо аз ин ки садо дар қисмати охири филм хеле пештар аз навор меравад, маълум нест оё ин суханҳоро воқеъан худи Шодмонова мегӯяд ё каси дигар аз паси кадр.

Нафаре бо номи Давлатбек Юсупов, ки гӯянда ӯро бобои бародарон Юсуповҳо — муттаҳамони ҳамлаи Данғара муаррифӣ мекунад, узви Раёсати олии ҲНИТ гуфта мешавад. Корти аъзогии ӯ ҳам намоиш дода мешавад, аммо ба ғайримутахассисон ҳам маълум аст, ки он дасткорӣ шудааст.

Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи ҲНИТ ба Паём гуфт, на танҳо дар Раёсати олии ҲНИТ, балки дар аъзогии он ҳаргиз нафаре бо номи Давлатбек Юсупов набудааст.  “Рӯйхати ҳамаи 58 нафар аъзои Раёсати олии ҲНИТ ҳамеша дастраси ом буд ва дар сойти ҳизб ҳам вууд дорад. Ҳар касе хост метавонад тафтиш кунад ва бубинад, ки оё Юсупов узв буд ё хайр” — гуфт ӯ.   

Дар филм бародари Ҳусейн — Бахтиёр Абдусаломов низ, ки соли 2009 ҳабс шудааст, узви ҲНИТ муаррифӣ мешавад ва мегӯяд, ки вазифааш гузаронидани шаҳрвандони хориҷие, ки ҲНИТ гумроҳ крадааст, ба Афғонистон буд. Тибқи қарори додгоҳ низ, ӯ ҳангоми гузаронидани чанд шаҳрванди Русия ба Афғонистон дастгир шудааст. Аммо қаблан масъалаи ҲНИТ дар байн набуд ва тоза, баъди 6 сол ин нафар эътироф мекунад, ки он корро бо супориши ҲНИТ мекард.

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле ба даст доштани ҲНИТ дар куштори Данғара исрор меварзад, ки онро ДОИШ ба дӯш гирифтааст ва ҳеҷ кишваре даъвои мақомоти Тоҷикистонро қабул намекунад.  Ахиран Кевин Коверт, иҷрокунандаи вазифаи сафири Амрико дар Тоҷикистон низ, дар бораи ҳодисаи Данғара ҳеҷ ёде аз ҲНИТ накард ва гуфт усули ДОИШ  аст.

Аммо филми сохтаи мақомот, ки пур аз дасткориву дурӯғ аст, зоҳиран барои кӯдакон сохта шудааст. Онро инҷо бқбинед:

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *