Марди эронӣ, ки беш аз ним қарн аз риоят кардани беҳдошт ва ҳамомгирӣ гурезон буд, дар 94 солагӣ дар рустои Дижгоҳ дар Шаҳристон Фирашбанди устони Форси Эрон даргузашт.
Бино ба гузориши ИРНО, ин мард, ки номаш Ҳоҷӣ буд, эътиқод дошт, ки ҳаммом рафтан ва тамизӣ, баднашро аз саломатӣ дур мекунад.
Ин мард дар даҳаҳои гузашта бо парҳез аз хӯрдани ҳар навъ хӯроки тоза, мӯътақид буд, ки “агар тамиз шавад, мариз мешавад.” Бино ба гузоришҳо, лазизтарин хӯрокиҳо аз назари Ҳоҷӣ ҳайвоноти мурда ва гандида буд.
“Аму Ҳоҷӣ” , ки чеҳрааш ранги хокистарӣ ба худ гирифта буд ва қабати ғафсе аз чирк бар андомаш сангинӣ мекард, ҳаргиз издивоҷ накарда буд.
ИРНО дар гузориши худ навиштааст, ки муддате пеш рустоиён тавонистанд пас аз борҳо талоши номувафақ, ӯро барои шустушӯ ба ҳаммом бубаранд аммо дере напоид, ки ин мард дучори беморӣ шуд ва саранҷом рӯзи якшанбе даргузашт.