Равуои мусофирон тавассути роҳи оҳан дар ним соли охир ду баробар афзудааст.
Ҳаракати қаторҳо ба сабаби пандемияи коронавирус бас шуда буд. Онро тобистони соли 2022 фаъол карданд.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 1-уми феврал дар неишасти матбуотӣ гуфт: «Мусофирбарӣ то 40 ҳазор расид. Дар гузашта 19 ҳазор буд. Ду баробар зиёд шуд. Албатта, барои роҳи оҳан хеле кам аст, агар сухан дар бораи садҳо ҳазор равад.»
Ба гуфтаи масъулони Вазорати нақлиёт, қаторҳо аз Душанбеву Кӯлобу Хуҷанд ба Тошканди Узбекистон ва Волгогради Русия мераванду меоянд.
Сафар аз Тоҷикистон ба Русия ба воситаи қатор аз 1500 то 2000 сомонист. Дар муқоиса ба нархи билети ҳавопаймо арзон гуфта мешавад.
Мақомот мегӯянд, соли гузашта натанҳо бахши мусофирбарӣ, балки боркашонӣ тавассути қатор низ 6,4 дарсад афзоиш ёфт.