Рубрики Хабарҳо

Шарл Мишел хостори густариши равобитаи ИА бо муттаҳидони Маскав дар ОМ шуд

Шарл Мишел дар аввалин дидори худ аз Қазоқистон хостори густариши равобити Иттиҳодияи Аврупо бо кишварҳои Осиёи Миёна шуд. Раиси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо бо ширкат дар нишасти хабарӣ бо Қосим Жомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, гуфт, ки “Осиёи Миёна ва Аврупо беш аз гузашта ба якдигар наздик хоҳанд шуд.” 

Ин дидор дар ҳолест, ки аксари кишварҳои Осиёи Миёна, муттаҳиди аслии Русия ҳастанд ва Иттиҳодияи Аврупо пас аз оғози ҷанги Укроин дар 24 феврал гузашта, таҳримҳои бесобиқаеро алайҳи Русия ба иҷро даровардааст. 

Бо ин ҳол Шарл Мишел, нахуствазири пешини Белгия, Қазоқистонро “шарики ҳаётӣ”-и Иттиҳодияи Аврупо хонд ва гуфт, ки умедвор аст ҳамкориҳо “тавсеа пайдо кунанд.” 

Шарл Мишел дар ин нишасти хабарӣ бо интиқод аз Кохи Кремл, ҳамлаи таҷовузкорона ба Укроинро маҳкум кард. Раиси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо бо раҳбарони дигари кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Қирғизистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон низ дар остонаи нишасти Остона дидор ва гуфтгӯ кард. 

Ин аввалин нишасти Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои Осиёи Миёна аст, гирдиҳамоӣ, ки ба гуфтаи Шарл Мишел “фаротар аз як гуфтугӯи сиёсӣ байни ду минтақа” аст. 

Раис Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо дар ин дидор хостори сармоягузорӣ дар зерсохтҳои ҳамлу нақл дар ин кишвар шуд. 

Қазоқистон пас аз оғози ҷанги Укроин, ба дунболи коҳиши вобастагӣ бо Москва будааст. 

Ин сафари раиси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо, ду ҳафта пас аз он сурат мегирад, ки Остона мизбони нишасте бо ҳузури Русия буд. 

Кишварҳои Осиёи Миёна муттаҳидони суннатии Кохи Кремл дар се даҳаи ахир ҳастанд. Ин кишварҳо то кунун ҳеҷ кадом ошкоро на ҳамлаи Русия барои маҳкум ва на ин ки аз Кремл дар ин ҷанг ҳимоят кардаанд. 

Раиси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо, Қазоқистонро ба унвони як шарики тиҷории бузург барои Иттиҳодияи Аврупо муаррифӣ кард ва хостори сармоягузорӣ дар зерсохтҳои ҳамлу нақл дар ин кишвар шуд. 

Қазоқистон аз замоне, ки Русия ба Укроин ҳамла кард, ба думболи коҳиши вобастагии худ ба Маскав аст. Қазоқистон мехоҳад роҳҳое барои содироти нафт, ба ҷуз аз Русия, пайдо кунад. Ҳудуди се чаҳорум аз нафти Қазоқистон аз тариқи Русия ба кишварҳои дигар содир мешавад. Раисҷумҳури Қазоқистон дар авоили моҳи июл низ, қавли ҳамкориҳои бештар дар заминаи энергӣ ба Иттиҳодияи Аврупо дода буд. 

Шарл Мишел ва Қосим Жомарт Тоқаев дар ин нишаст таъкид карданд, ки қасд надоранд, ки таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо бар Русия, таъсири манфӣ бар иқтисоди кишварҳои Осиёи Миёна дошта бошад. 

Ҳарду ҳамчунин дар мавриди интиқоли “ширкатҳои тавлиди аврупоӣ” ба Қазоқистон, ки маҳсулоти онҳо шомили таҳрим нестанд, гуфтугӯ карданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *