Футболи Русия ҳам мӯҳтоҷи Тоҷикистону Қирғизистон шуд
Таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия бинобар ҳамлаи ин кишвар ба Укроин, фтуболи ин кишварро ҳам мӯҳтоҷи тимҳои кишварҳои узви ИДМ кардааст. Қаблан тими Русия бозӣ бо тимҳои кишварҳои осиёимиёнаиро ба худ ор медонист ва дар сурати анҷом шудани ин гуна бозиҳо ҳам, асосан тими дувумашро ба майдон мебаровард.
Ҳоло дастаи мунтахаби футболи Русия, ки бо Қирғизистон бозӣ кард, тасмим дорад моҳи ноябр бо тимҳои миллии Тоҷикистон ва Узбекистон бозиҳои дӯстона баргузор кунад.
Тибқи иттилоъи Championat.Asia футболбозони Русия 17-уми ноябр бо мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе ва 20-уми ноябр дар Тошканд бо мунтахаби Убекистон бозӣ хоҳанд кард. Аммо гуфта мешавад, ки санаҳои баргузории бозиҳо ниҳоӣ нест, зеро ки дар ин рӯзҳо бояд бозиҳо дар доираи Ҷоми Русия баргузор шаванд.
Мунтахаби Русия таҳти раҳбарии дар бозии охиринаш бар мунтахаби Қирғизистон дар Бишкек бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Гуфтанист, мунтахаби Русия бо тасмими FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) аз ҳаққи ширкат дар Лигаи миллии UEFA (Созмони футболи Аврупо) ва бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бо мунтахаби Полша (Лаҳистон) маҳрум шуда буд, инчунин дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Аврупо — 2024 иштирок намекунад.