Мулоқоти мақомоти тоҷик бо ширкатҳои амрикоӣ
Дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Шӯрои соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико-Тоҷикистон бо доираи тиҷоратии Амрико ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар додааст.
Дар ҳамоиш роҳбарият ва масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, роҳбарият ва аъзои Шӯрои соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико-Тоҷикистон, инчунин ширкатҳои бонуфузи амрикоӣ, аз қабили General Electric, Coca-Cola, Valley irrigation, VISA иштирок намуданд.
Ба иттилоъи манбаъ » ширкаткунандагон вобаста ба фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва бонкӣ маълумот дарёфт намуда, ҷиҳати роҳандозӣ ва тавсеаи коршарикӣ бо ҳамтоёни тоҷикистонӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд».
Дар ҷараёни ҳамоиш вохӯрии бахши хусусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо бахши давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар фарҷом аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ саҳм гузошта, ба ташкили корхонаҳои муштарак таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.