Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон мухолифи воридҳавии Эрон ба СҲШ нест

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мегӯяд, ки Тоҷикистон мухолифи пазируфтани Ҷумҳурии исломии Эрон ба узвияти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой нест, аммо ҷониби Эрон марҳилаҳои лозимро барои узви созмон шудан, пушти сар накардааст.

Сироҷиддин Муҳриддин, дирӯз дар нишасти хабарӣ, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки барои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой шудан кишвари дархостдиҳанда бояд, чор марҳиларо пушти сар кунад. Аммо агар Эрон ба таври тавофуқӣ ё иҷмои ҳамаи кишварҳои узв (консесус) пазируфта шавад, Тоҷикистон мухолиф нест. Вале то ин ҷойи кор, чунин иҷмое набуд ва сурат нагирифтааст, гуфт вазири хориҷа.

Аммо Сироҷиддин Муҳриддин нагуфт, ки дар нишасти Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе, рӯзи 14-уми июл масъалаи узвияти Эрон баррасӣ шудааст ё не. 

Ин дар ҳолест, ки хабаргузории расмии Русия- ТАСС рӯзи 14-уми июл , ки ҳайати дипломатии Русия дар Душанбе, дар Шӯрои вазирони хориҷа,  даъват кардааст, ки дархости Теҳрон барои узвият дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мусбат баррасӣ шавад.

Ин хабари ТАСС дар расонаҳои эронӣ бознашри густарда дошт ва дар доираҳои коршиносиву расонаии Эрон ин мавзуъро тарҳ кард, ки Тоҷикистон ҳамоно мухолифи узвияти Эрон дар ин созмон аст.

Пештар аз ин, дар солҳои 2016 ва 2017 хабарҳое нашр шуда буд, ки Тоҷикистон бо пазируфтани Эрон ба узвият дар ин созмон мухолифат кардааст.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки дар мавриди шуруъи раванди ба узвият пазируфтани Эрон ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой  ҳаминро гуфтаниям, ки дар 4 соли ахир ин мавзуъ дар рӯзномаи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой  баррасӣ нашудааст. Ин як мавзуест, ки механизмҳои худро дорад. То он ки масъалаи ба узвият пазируфтан дар нишасти сарони кишварҳо баррасӣ шавад, бояд марҳилаҳои ибтидоиро гузарад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *